Сураи Нос Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нос Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нос Ояти 3

اِلٰهِ النَّاسِۙ ٣

Илаҳи-н-нас. 3.

3. Ба маъбуди мардум,

Яъне Аллоҳтаъоло маъбуди ҳақиқию асосии ҳамаи мардум буда, ғайри Ӯ дигар маъбуде нест, ки барҳақ ва лоиқи парастиш бошад.

Хонандаи мухлис, эзоҳи баъзе аз ҷиҳатҳои маънои калимаи Малик дар ояти боло гузашт. Ин ҷо барои мустаҳкам гардонидани ақида эзоҳашро зарур шуморидем. Зикри калимаи “Малик” барои дафъи гумони хатои мардум аст. Мардум гумон мекунанд, ки подшоҳони дар ин дунё болои сари онҳо буда, ба ҳама кор қодиранд. Худованд бо зикри калимаи “Малик” ин гумони онҳоро радд намуда ба онҳо хабар додааст, ки болои ҳамаи инсонҳо ва подшоҳон, подшоҳе ҳаст ягона, азалию абадӣ. Ин подшоҳон ҳама подшоҳони маҷозианд, на ҳақиқӣ, бинобар ин, лоиқи парастиш нестанд. Сазовори парастиш он Худоест, ки худро дар ин оят “Илоҳин нос” гуфтааст, яъне Подшоҳи ҳамаи подшоҳон.

Маълум гардид, ки қатъи назар, аз фарди оддӣ сар карда, то подшоҳон аз бандагии Ӯ таъоло дар канор намонда, ҳама бандаи Ӯянд ва ибодатро хос барои Ӯ бояд кунанд, Зеро ибодати Ӯ таъоло бар ҳамаи онҳо лозим аст. Агар шавад, ки баъзе аз мардум ғайри Аллоҳи ягона, дигар чизҳоро мепарастанд, бояд донанд, ки ба тақозои мазмуни ояти номбурда амалҳои онҳо ботилу бесавоб аст.

Шояд тақдими се ояти боло, ки Аллоҳтаъоло ба онҳо мавсуф шудааст, барои он бошад, ки инсон мехоҳад, аз зараррасонандаҳо паноҳгоҳе биҷӯяд, аввалан ҳадди ақал Аллоҳтаъолоро ба он се сифати номбурда шинос бошад ва Ӯро маъбуди ҳақиқии хеш қарор диҳад, баъдан аз бадиҳои асосие, ки дар оятҳои зер ном бурда мешавад, ба Ӯ таъоло паноҳ барад, то паноҳгоҳи дилхоҳе ёбад. Аллоҳ донотар аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нос «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нос Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нос Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)