Сураи Нур Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нур Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нур Ояти 2

الزَّانِيَةُ وَالزَّانِي فَاجْلِدُوا كُلَّ وَاحِدٍ مِنْهُمَا مِائَةَ جَلْدَةٍ ۖ وَلَا تَأْخُذْكُمْ بِهِمَا رَأْفَةٌ فِي دِينِ اللَّهِ إِنْ كُنْتُمْ تُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ۖ وَلْيَشْهَدْ عَذَابَهُمَا طَائِفَةٌ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ ٢

Аз-занияту ва-з-занӣ фаҷлиду кулла ваҳиди-м минҳума миата ҷалдаҳ. Ва ла таъхузкум биҳима раъфатун фӣ дӣниллаҳи ин кунтум туъминуна биллаҳи ва-л-явми-л ахир. Ва-л яшҳад ъазабаҳума таифату-м мина-л муъминӣн. 2.

2. Ҳар як зани зинокор ва марди зинокорро сад дарра (шаллоқ) бизанед! Ва бояд, ки дар ҷорӣ кардани ҳукми шаръи Худо, (агар ба Худо ва ба рӯзи охир имон овардаед) шуморо шафқат (раҳм) бар онҳо дарнагирад ва бояд, ки ба азоб додани онҳо гурӯҳе аз муъминон ҳозир бошанд.

Дар ибтидо Худованд дар ин оят фармудааст, ки ҳукми зан ва марди зинокор, ки қабл аз издивоҷашон ин амалро содир кардаанд, ба ҳар як аз онон сад тозиёна задан аст.

Дар шарҳи ин қисми оят муфассирон гуфтанд, ки агар зани озоду болиға то ҳол бо никоҳи саҳеҳ шавҳар накарда бошад, бо хоҳиши худ ва бе никоҳи шаръӣ бо марде алоқаи ҷинсӣ (зино) кунад, ҳадди ҷазои вай чуноне ки гузашт, задани сад дарра (тозиёна) аст. Ҳамчунин, агар марди озоди болиғ ва то ҳол бо никоҳи шаръӣ зан нагирифта бошад, бе никоҳ бо зане алоқаи ҷинсӣ (зино) кунад, ҳадди ҷазои ин мард низ задани сад дарра (тозиёна) аст.

Агар марди озоду болиғ бо никоҳи саҳеҳ оиладор бошад ё зандида бошад ва зани озоду болиға шавҳардор ё шавҳардида бошад, байни онҳо хилофи ҳукми шаръӣ алоқаи ҷинси (зино) содир шавад, ҳадди ҷазои онҳо бинобар ҳадисҳои саҳеҳ ва мутавотир то мурданашон сангсор кардан аст. («Анворул Қуръон», дар шарҳи ояти таҳти назар).

Одатан ин ҳукмҳо дар давлатҳое ҷорӣ мешаванд, ки дар онҳо асоси қонунгузорӣ ва дини давлатиашон шариати Ислом аст. Дар ин гуна давлатҳо ин ҳукмҳо на худсарона, балки баъд аз тафтиш, бо барпо шудани шоҳидони одил ё бо эътирофи шахси ҷинояткор ва бо ҳукми қозии шаръӣ, муҳокима ва ҷорӣ мешаванд.

Хоҳишмандон ҷузъиёти ин масъалаҳоро аз китобҳои фиқҳӣ метавонанд пайдо кунанд. Ин оят носихи (бекоркунандаи) ҳукмҳои оятҳои 15-ум ва 16-уми сураи «Нисо» аст. Зеро ояти мазкур баъди онҳо нозил шудааст.

Дар ҳадиси шариф омада аст, ки Расулаллоҳ (с) фармуданд: «Эй гурӯҳи мардум, аз зино бипарҳезед, зеро дар он шаш хислати бад аст. Се дар дунё ва сеи дигар дар охират. Аммо он сее, ки дар дунёст, ин аст, ки зино эътибор, арзиш ва ҷамоли инсонро аз байн мебарад, фақрро ба ҷо мегузорад ва умрро кӯтоҳ мекунад. Аммо он се, ки дар охират аст, ин аст, ки хашми Худои субҳонро меорад, бадии ҳисоб ва азоби Дӯзах».

Дар идомаи оят Худованд фармудааст, ки ба ҳоли онҳо раҳматон наояд ва дилатон насӯзад, аз рӯи дилсӯзӣ адади зарбаҳоро кам накунед ё зарбаро оҳиста назанед. Дар зарб задании онҳо барои шумо маломат нест, балки савоб аст, зеро шумо ҳукми Худовандро иҷро мекунед, агар дарвоқеъ ба мавҷудият ва ба ягонагии Худованд тасдиқ ва ба ҳақ будани барпошавии рӯзи қиёмат бовар доред, ҳудуди Худоро таътил накунед, муҳлати иҷрои онро бо баҳонаҳо ба ақаб напартоед, ба зинокорон баъди маҳкум шуданашон раҳму шафқатро раво надоред, (то фасод дар байнатон паҳн ва наслатон чун чаҳорпоён омехта нашавад).

Дар охири оят Худованд фармудааст, ки барои сарзаниши бештар ва расвоӣ ва бадномии зинокрон, бояд ҳангоми азоби онҳо гурӯҳе аз муъминон ҳозир бошанд. Ҳадафи бо ин тарз барпо кардани ҷазои зинокорон, ҳушдор додани мардум ва боздоштани онҳо аз содир кардани ин гуна амалҳои зишт аст. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нур Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нур Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)