Тафсири Сураи Нур Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нур Ояти 3
الزَّانِي لَا يَنْكِحُ إِلَّا زَانِيَةً أَوْ مُشْرِكَةً وَالزَّانِيَةُ لَا يَنْكِحُهَا إِلَّا زَانٍ أَوْ مُشْرِكٌ ۚ وَحُرِّمَ ذَٰلِكَ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ ٣
Аз-занӣ ла янкиҳу илла заниятан ав мушриката-в ва-з-занияту ла янкиҳуҳа илла занин ав мушрик. Ва ҳуррима залика ъала-л-муъминӣн. 3.
3. Марди зинокор никоҳ накунад, магар ба зани зинокор ё ширкоранда. Ва зани зинокорро ба занӣ намегирад, магар марди зинокор ё ширкоранда ва никоҳи зонияро бар муъминон ҳаром сохта шуд.
Баъд аз ҳушдор додани муъминон аз содир кардани зино, Худованд дар ин оят фармудааст, ки марди зинокор бояд бо як нафар зани монанди худ (зинокор), ё пасттар аз худ (мушрик, бутпараст) издивоҷ кунад. Ҳамчунин шоиста нест, ки марди покдоман ва парҳезгор бо зани зинокор ва фоҳиша издивоҷ кунад, балки зани зинокор бояд ба як нафар марди монанди худ, яъне зинокор, хабис, нопок, мушрик, кофир ба шавҳар барояд.
Худованд дар охири ин оят фармудааст, ки ба сабаби палидӣ ва зиштии зино, издивоҷ бо зинокор ва мушрикон барои муъминон то нозил шудани ояти 32-уми ҳамин сура ҳаром ҳукм шуд.
Имом Фахри Розӣ гуфта аст: «Эзоҳи беҳтарин дар тафсири ин оят чунин аст: дар ҳақиқат марди фосиқи нопок, ки зино содир мекунад, ба никоҳу издивоҷи занони солеҳ чандон майлу рағбат надорад, балки бо зани фосиқи нопоки монанди худ ё мушрик моил аст. Ҳамчунин мардони пок ва солеҳ бо занони фосиқ ва нопок майли издивоҷ надоранд, балки аз онҳо нафрат доранд. Аммо мардони фосиқ ва мушрик ба издивоҷи чунин занон моиланд». Ва ин масъала ғолибан чунин аст, ки гуфтанд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «