Тафсири Сураи Нур – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи «Нур» дар Мадина нозил шуда аз 64 оят иборат аст.
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Ин сура ба сабаби он «Нур» номида шудаст, ки дарбаргирандаи ояти дурахшон (ояти 35-уми ҳамин сура) «Аллоҳу нурус-с-самавати ва-л-арз…» аст.
Сураи мазкур одоб ва тарзи рафторро дар зиндагии фардӣ, оилавӣ ва ҷамъиятӣ баён мекунад, ки муъминон онҳоро бояд риоя кунанд. Масалан, барои ворид шудан ба манзили дигарон иҷозат гирифтан, аз занони номаҳрам чашм нигоҳ доштан, ҳимояи олоти ҷинсӣ аз амалҳои ҳаром, ҳаром будани омезиши мардон бо занони номаҳрам ва …
Инчунин дар ин сура аз масъалаҳое сухан меравад, ки оилаи мусулмон бар онҳо поягузорӣ шудааст. Мисли покдоманӣ, риояи ҳиҷоб, дурӣ аз ҳамагуна фасод ва фаҳшо, риояи ҳукмҳои шариъати Худованд, ҳурмати дин, худдорӣ аз эҷоди тафриқа, ихтилофи дохилӣ, риояи аслҳои ахлоқи исломӣ ва ғ.
Инчунин дар ин сура баъзе аз ҳудудҳои шаръӣ, ки аз ҷониби Худо муқаррар шудаанд, аз қабили ҳадди зино, ҳадди туҳмат задани шахсе ба зино ё ливота (гомосексуализм, ҳамҷинсбозӣ) ва ғ. ва барои поксозию покизагии ҷамъияти инсонӣ аз фасод, нигаҳдории насаб ёдовар мешавад. Ҳамчунин иҷрои ин манҳиёт пояҳои давлатдориро аз суст шудан ва миллатҳоро аз барҳам хӯрдан нигоҳ медоранд. Сураи мазкур насиҳатҳо ва андарзҳои ҳакимонаеро дар бар гирифтааст, ки бо риояи онҳо инсон ва ҷомеъа метавонанд аз фазилатҳои олӣ бархурдор гарданд.
Худовандо! Бо нури китоби Худ қалбҳои моро нуронӣ гардон. Омин! Ин буд назари кӯтоҳе ба мундариҷаи сураи «Нур»!
Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «