Обдасту намоз бояд кард (тахорат ва намоз)

0

Обдасту намоз бояд кард,
Дил мақоми ниёз бояд кард.

Рӯзи маҳшар, ки ҷонгудоз бувад,
Аввалин пурсиш аз намоз бувад.

Пас макун дар намозҳо тақсир,
То дар он рӯз бошадат тавқир.


БАЁНИ МАЪНО

Барпо доштани намоз яке аз муҳимтарин шартҳои изҳори бандагии Аллоҳ таоло ва адои ҳақе аз ҳуқуқҳои мусаллами Ӯ таъоло болои мо дошта мебошад.

Пас агар намоз нахонӣ дар рӯзи сахту душвори қиёмат аз аввалин ҳақи болоят буда  пурсида мешавӣ, ки он  намоз аст.

Гузоридани намоз фардои қиёмат сабаби бузургӣ ва комёбӣ ва саъодатмандии абадии ту мегардад, валекин нахондани намоз боиси хорӣ ва зиллат ва ба азоби сахту душвор гирифтор шуданат аст.


БАЁНИ ДАЛЕЛҲО

Агар пурсанд, ки имомони чаҳор мазҳаби аҳли суннат дар мавриди ашхосе, ки худро мусулмон медонанд, вале намоз намехонанд чӣ назар доранд ва чӣ ҳукм кардаанд?

Ҷавоб мегӯм, ки дар ин мавзӯъ бояд чанд нуктаро дониста шавад:

1-Ашхоси бисёре ҳастанд, ки ба ҳақ будани рӯзи қиёмат бовар надоранд ва дар ҳамин асос намоз намехонанд, вале аз ҷиҳати дар байни мусулмонон буданашон худро бардурӯғ мусулмон мегӯянд. Чунин ашхосро мунофиқ мегӯянд ва онҳо мусулмон нестанд, вале куфри худро мепушонанд.

2- Дар олами ислом тоифае бо номи мурҷиа вуҷуд дорад ва онҳо чунин ақида доранд, ки гуноҳ ба мусулмон зарар намекунад, ҳамчуноне тоъату ибодат ба кофир ҳеҷ фоидае надоранд. Ин тоифа бо ин ақидаи фосиди худ адои намоз ва бақияи ибодатҳоро фарзу зарур намедонанд ва ибодат намекунанд ва анҷом додани ҳеҷ навъи маъсиятро гуноҳ намедонанд. Ба иҷмоъи мусулмонон мурҷиаҳо аз ислом хориҷанд.

3- Тоифаи дигари ифротие вуҷуд дорад, ки нисбат ба пиронашон ғулӯ ва зиёдаравӣ мекунанд ва ақида доранд, ки пиронашон ба мақоми яқин расидаанд ва тоъату ибодат аз уҳдаи пиронашон соқит шудааст. Дар асоси чунин ақида пирони гумроҳ намозу рӯза ва дигар ибодатҳоро тарк месозанд. Ин тоифа шумораашон андак аст, вале вуҷуд доранд ва ба иҷмоъ гумроҳанд.

4- Ашхоси бисёре ҳастанд, ки  худро мусулмон мегӯянд, вале хондани намозро фарзу зарур намедонанд ва худашонро барои тарки намоз гунаҳгор намедонанд ва дар андешаи тавба кардану намоз хондан намебошанд ва бо чунин ақида тарки намоз мекунанд. Чунин ашхос ба иҷмоъи имомони чаҳор мазҳаб аз дин хориҷ мебошанд.

5- Ашхоси бисёре ҳастанд, ки  худро мусулмон мегӯянд ва хондани намозро фарзу зарур медонанд ва худашонро барои тарки намоз осиву гунаҳгор эътироф мекунанд ва сидқан дар андешаи тавба кардану намоз хондан мебошанд, валекин ба сабаби заъфи имон ва сустию танбалияшон намоз намехонанд. Аз дидгоҳи ҷумҳури уламо чунин ашхос ба сифати мусулмони фосиқ мебошанд ва то замоне фарз будани намозро инкор намекунанд, ҳукми хуруҷи аз дин карда намешаванд.

Дар ин мавзӯъ Ҳофиз Ироқӣ дар “ Тарҳи тасриб” чунин гуфтааст:

ويقول الحافظ العراقي في “طرح التثريب” 2/ 149: “وذهب جمهور أهل العلم إِلى أنه لا يكفر بترك الصلاة –إِذا كان غير جاحد لوجوبها-، وهو قول بقية الأئمة أبي حنيفة ومالك والشافعي، وهي رواية عن أحمد بن حنبل –أيضاً-“

“Ҷумҳури аҳли илм бар ин назаранд, ки бо тарки намоз мусулмон кофир намешавад, ба шарте, ки фарз будани намозро инкор надошта бошад. Ин қавли имомон Абуҳанифа, Молик, Шофеъӣ ва як ривояте аз Имом Аҳмад аст”.

Агар пурсанд, ки бо кадом далел дар ҳукми бенамозон чунин фарқ аст?

Ҷавоб мегӯем, ки пазируфтан ва амал кардан бо ҳамаи далелҳои мавзӯъ ба чунин натиҷа меанҷомад. Зеро баъзе далелҳо ба таври мутлақ ба куфр будани тарки намоз далолат мекунанд ва баъзе дигараш ба мусулмон боқӣ мондани бенамоз далолат доранд.

Ба таври мисол се далели далолаткунанда ба куфри бенамоз ва се далели далолаткунанда бар мусулмон боқӣ мондани бенамозро зикр мекунем:

1- Аз ҷумлаи далелҳои хориҷ аз дин будани бенамозон ояти 38-41 сураи “Мудассир” аст, ки дар он чунин омадааст:

{كُلُّ نَفْسٍ بِمَا كَسَبَتْ رَهِينَةٌ . إِلَّا أَصْحَابَ الْيَمِينِ . فِي جَنَّاتٍ يَتَسَاءَلُونَ .عَنِ الْمُجْرِمِينَ . مَا سَلَكَكُمْ فِي سَقَرَ . قَالُوا لَمْ نَكُ مِنَ الْمُصَلِّينَ . وَلَمْ نَكُ نُطْعِمُ الْمِسْكِينَ . وَكُنَّا نَخُوضُ مَعَ الْخَائِضِينَ . وَكُنَّا نُكَذِّبُ بِيَوْمِ الدِّينِ . حَتَّى أَتَانَا الْيَقِينُ} (المدثر: 38 – 47)

“Ҳар кас дар гарави амали худ аст, магар дар самти рост будаҳо, ки дар боғҳои биҳиштанд ва аз ҳамдигар пурсон мекунанд ва аз аҳли дӯзах чунин савол мекунанд: Чӣ чизе шуморо ба дӯзах даровард? Дузахиён мегӯянд: Мо аз ҷумлаи намозгузорон набудем ва ба бенавоён хурока намедодем ва бо ботилгароён дар ботил фуру мерафтем ва рӯзи қиёматро дурӯғ мепиндоштем, то ки марг ба суроғамон омад”.

Албатта ин оят дар мавриди мунофиқон мебошад, ки онҳо ба рӯзи қиёмат бовар надоранд, гарчанде бо забон худро мусулмон мегӯянд, ва оят дар мавзӯи мусулмонони фосиқ нест. Чун, ки мусулмони фосиқ ба рӯзи қиёмат имонаш заиф ҳам бошад, имон дорад.

2-Аз ҷумлаи далелҳои куфр будани тарки намоз ривояти “Саҳеҳи Муслим” аст, ки дар он Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

“عن جَابِر، يَقُولُ: سَمِعْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ: «إِنَّ بَيْنَ الرَّجُلِ وَبَيْنَ الشِّرْكِ وَالْكُفْرِ تَرْكَ الصَّلَاةِ»  (كذا في في صحيح مسلم -1/ 88/ 134 – 82)

“Дар байни шахс ва байни ширку куфр (девори манъкунанда) тарки намоз аст”.

3-Аз ҷумлаи далелҳои дигари куфр будани тарки намоз ривояти “Сунани Ибни Моҷа” бо санади саҳеҳ аст, ки дар он Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

“عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ، عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: «لَيْسَ بَيْنَ الْعَبْدِ وَالشِّرْكِ إِلَّا تَرْكُ الصَّلَاةِ، فَإِذَا تَرَكَهَا فَقَدْ أَشْرَكَ”. (كذا في سنن ابن ماجه -1/ 342 1080 – وحكم المحقق: صحيح).

“Дар байни банда ва ширк ба ҷуз тарки намоз чизи дигаре нест, пас чун намозро тарк бисозад ширк варзидааст”.

Ин ду ҳадиси зикршуда ва амсоли онҳо ҳадисҳои дигари ба куфр будани тарки намоз далолаткунанда саҳеҳ мебошанд, вале аз чанд ҷиҳат дар чунин ҳадисҳо мурод аз тарки намоз, тарки намози бидуни ақидаи фарз донистани намоз ё бо ақидаи инкор кардани намоз аст:

1-Дар ривояти “Сунани Ибни Моҷа” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

“وفي سنن ابن ماجه – 1 / 458 1426 – :عَنْ تَمِيمٍ الدَّارِيِّ،عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:”أَوَّلُ مَا يُحَاسَبُ بِهِ الْعَبْدُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ صَلَاتُهُ،فَإِنْ أَكْمَلَهَا كُتِبَتْ لَهُ نَافِلَةً،فَإِنْ لَمْ يَكُنْ أَكْمَلَهَا،قَالَ اللَّهُ سُبْحَانَهُ لِمَلَائِكَتِهِ: انْظُرُوا،هَلْ تَجِدُونَ لِعَبْدِي مِنْ تَطَوُّعٍ؟ فَأَكْمِلُوا بِهَا مَا ضَيَّعَ مِنْ فَرِيضَتِهِ،ثُمَّ تُؤْخَذُ الْأَعْمَالُ عَلَى حَسَبِ ذَلِكَ”. (وحكم المحقق:صحيح).

“Аввалин чизе, ки фардои қиёмат дар мавриди он банда мавриди муҳосаба қарор мегирад намози ӯст. Пас агар намозҳои фарзияшро комил адо карда бошад барояш намозҳои ғайри фарзӣ нофила (аҷру савоби изофа бар аҷри фарзҳо) навишта мешаванд. Аммо агар намозҳои фарзиро ба таври комил адо накарда бошад Аллоҳ таоло ба фариштаҳо мегӯяд: Бубинед ин бандаи ман ҳеҷ намози нафлие гузоридааст? Пас агар гузорида бошад бо он намозҳои нафлияш нуқсони намозҳои фарзиро комил бисозед”.

Чуноне медонем  намозҳои ба хато ё фаромушона фавтшуда бахшида мешаванд ва мавриди муҳосаба қарор намегиранд, пас инҷо мурод намозҳои қасдан таркшуда аст. Аз ҳамин ҷиҳат дар қисмате аз ҳадис чунин омадаааст:

مَا ضَيَّعَ مِنْ فَرِيضَتِهِ

“Ончиро аз фарзҳояш зоеъ кардааст” ва зоеъ кардан ин худ тарку қазо кардан аст.

Аммо намозҳоеро, ки ба хато ё фаромушона тарк карда бошад, аз чунин намозҳо муҳосаба намешавад. Зеро дар ривояти “Сунани Ибни Моҷа” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

“وفي سنن ابن ماجه -1/ 659/ 2045 – عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ، عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، قَالَ: «إِنَّ اللَّهَ وَضَعَ عَنْ أُمَّتِي الْخَطَأَ، وَالنِّسْيَانَ، وَمَا اسْتُكْرِهُوا عَلَيْهِ» (وحكم المحقق: صحيح).

“Ҳамоно Аллоҳ аз уммати ман гуноҳи амалҳоеро, ки ба хато ва фаромушӣ ва таҳти фишору иҷбори дигарон анҷом додаандро бардоштааст”.

2- Дар ривояти “Сунани Абудовуд” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

“عن عُبَادَةَ بْنِ الصَّامِتِ قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: «خَمْسُ صَلَوَاتٍ كَتَبَهُنَّ اللَّهُ عَلَى الْعِبَادِ، فَمَنْ جَاءَ بِهِنَّ لَمْ يُضَيِّعْ مِنْهُنَّ شَيْئًا اسْتِخْفَافًا بِحَقِّهِنَّ،كَانَ لَهُ عِنْدَ اللَّهِ عَهْدٌ أَنْ يُدْخِلَهُ الْجَنَّةَ، وَمَنْ لَمْ يَأْتِ بِهِنَّ فَلَيْسَ لَهُ عِنْدَ اللَّهِ عَهْدٌ،إِنْ شَاءَ عَذَّبَهُ،وَإِنْ شَاءَ أَدْخَلَهُ الْجَنَّةَ”. (كذا في سنن أبي داود -2/ 62 1420 – – وحكم المحقق : صحيح).

 “Аллоҳ таоло гузоридани панҷ вақт намозро бар бандагон фарз кардааст. Пас касе панҷ намозро бихонад ва ҳеҷ намозеро аз ин намозҳо ба ин ақида, ки муҳим нест зоеъ накунад, дар назди Аллоҳ таоло аҳд дорад, ки вайро ба биҳишт медарорад. Аммо касе ин панҷ намозро нагузорад, дар назди Аллоҳ ҳеҷ аҳде надорад. Агар Аллоҳ таоло бихоҳад вайро азоб медиҳад ва агар бихоҳад вайро ба биҳишт медарорад”.

Аз ин ҳадис дониста мешавад, ки бенамоз дар машияти Аллоҳ таоло қарор мегирад ва агар бихоҳад вайро ба биҳишт медарорад. Пас бенамоз фосиқ аст на кофир. Зеро Аллоҳ таоло биҳиштро барои кофирон ҳаром кардааст.

3- Дар ривояти саҳеҳи “Сунани Ибни Моҷа” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

عَنْ حُذَيْفَةَ بْنِ الْيَمَانِ قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم :”يَدْرُسُ الْإِسْلَامُ كَمَا يَدْرُسُ وَشْيُ الثَّوْبِ، حَتَّى لَا يُدْرَى مَا صِيَامٌ، وَلَا صَلَاةٌ، وَلَا نُسُكٌ، وَلَا صَدَقَةٌ، وَلَيُسْرَى عَلَى كِتَابِ اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ فِي لَيْلَةٍ، فَلَا يَبْقَى فِي الْأَرْضِ مِنْهُ آيَةٌ،وَتَبْقَى طَوَائِفُ مِنَ النَّاسِ الشَّيْخُ الْكَبِيرُوَالْعَجُوزُ،يَقُولُونَ: أَدْرَكْنَا آبَاءَنَا عَلَى هَذِهِ الْكَلِمَةِ، لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ، فَنَحْنُ نَقُولُهَا”فَقَالَ لَهُ صِلَةُ: مَا تُغْنِي عَنْهُمْ:لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ،وَهُمْ لَا يَدْرُونَ مَا صَلَاةٌ، وَلَا صِيَامٌ، وَلَا نُسُكٌ،وَلَا صَدَقَةٌ؟ فَأَعْرَضَ عَنْهُ حُذَيْفَةُ،ثُمَّ رَدَّهَا عَلَيْهِ ثَلَاثًا،كُلَّ ذَلِكَ يُعْرِضُ عَنْهُ حُذَيْفَةُ،ثُمَّ أَقْبَلَ عَلَيْهِ فِي الثَّالِثَةِ،فَقَالَ:يَا صِلَةُ،تُنْجِيهِمْ مِنَ النَّارِ ثَلَاثًا”.(كذا سنن ابن ماجه -2/ 1344/ 4049 – وحكم المحقق:صحيح)

“Ислом аз байн меравад, ҳамчуноне нақшу нигори либосҳо куҳна мешаванд ва аз байн мераванд ва кор ба ҷое мерасад, ки мардум намедонанд, ки рӯзаву намоз ва ҳаҷу закот чист? Китоби Аллоҳ таоло дар як шаб аз рӯи замин бардошта мешавад ва дар тамоми кураи замин як ояте ҳам аз он боқӣ намемонад. Пирамардон ва пиразаноне боқӣ мемонанд, ки мегӯянд: Мо аз падаронамон “Ло илоҳа иллаллоҳ”-ро шунида будем ва онро мегӯем”.

Яке аз ҳозирбудагон, ки Сила ибни Зуфар ном дошт ба ровии ҳадис ҳазрати Ҳузайфа гуфт:”Ло илоҳа иллаллоҳ” ба онҳо чӣ манфиат мерасонад, ки рӯзаву намоз ва ҳаҷу закотро надонад чист?  Сила ин суханашро ду маротиб такрор кард ва ҳазрати Ҳузайфа бо нишони иътироз аз вай рӯ гардонид ва баъди бори саввум гуфтанаш рӯяшро ба тарафи ӯ гардонид ва се бор гуфт:Эй Сила! Ло илоҳа иллалоҳ онҳоро аз дӯзах наҷот медиҳад”.

Ҳадиси мазкурро ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” таъйид мекунад ва дар он Пайғамбар (с) ба саҳобии бузургвор ҳазрати Муъоз чунин гуфтааст:

“حَدَّثَنَا أَنَسُ بْنُ مَالِكٍ أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ،قَالَ: «مَا مِنْ أَحَدٍ يَشْهَدُ أَنْ لاَ إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَأَنَّ  مُحَمَّدًا رَسُولُ اللَّهِ، صِدْقًا مِنْ قَلْبِهِ، إِلَّا حَرَّمَهُ اللَّهُ عَلَى النَّارِ»، قَالَ يَا رَسُولَ اللَّهِ: أَفَلاَ أُخْبِرُ بِهِ النَّاسَ فَيَسْتَبْشِرُوا؟ قَالَ:«إِذًا يَتَّكِلُوا”.(وفي صحيح البخاري -1/ 37 128 – و يتكلوا- يعتمدوا على ما يتبادر من ظاهرة الاكتفاء به. فيتركوا العمل).

“Ҳар касе аз самими қалб гувоҳӣ бидиҳад, ки ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ худои дигаре нест  ва ҳамоно Муҳаммад пайғамбари Аллоҳ аст, Аллоҳ таолоро вайро бар оташи дӯзах ҳаром мекунад”. Ҳазрати Маъоз гуфт: Оё мардумро аз ин сухан хабардор насозам то хушҳол шаванд? Пайғамбар (с) гуфт: Агар хабарашон бикунӣ мардум ба ин хабар такя ва таваккул мекунанд ва амал карданро тарк месозанд”.


ХУЛОСАИ МАВЗӮЪ

1- Ҳеҷ мусулмоне набояд таъхир ва ё тарки намоз бикунад. Зеро таъхир ва тарки намоз бидуни узр аз ҷумлаи гуноҳони кабира аст ва тибқи муқтазои баъзе ҳадисҳои воридшуда дар ин мавзӯъ ва дар асари он ихтилофи уламо дар ҳукми бенамоз, бо тарк кардани гузоридани намоз, шахси бенамоз мусулмон будани худро зери суол қарор медиҳад.

2- Таълими намоз аз ҳафтсолагӣ оғоз мешавад ва баъди ба балоғат расидан фарз мешавад ва гузоридани намоз аз ҷумлаи муҳимтарин ва бузургтарин васила ва зариъаҳои мушарраф шудан ба фазлу раҳмати Аллоҳ таолост, ки он фазлу раҳмати илоҳӣ моро аз дӯзах наҷот медиҳад ва ба биҳишт мебарад. Пас касе ин василаи муҳими наҷотро аз даст бидиҳад хатари ҳалокат вайро ҳар лаҳза таҳдид мекунад ва саранҷом ба оқибати талх рӯ ба рӯ месозад.

ДУОИ ШАЙХ САЪДӢ

Чу моро ба дунё Ту кардӣ азиз,
Ба уқбо ҳамин чашм дорему низ.

Азизиву хорӣ Ту бахшию бас,
Азизи Ту хорӣ набинад зи кас.

Худоё! Ба иззат ки хорам макун!
Ба зили гунаҳ шармсорам макун!


Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<

Мақолаи қаблӣОн таҳорат, ки қисму ҷисм омад
Мақолаи баъдӣТалаби илм (дар Ислом)