Сураи Оли Имрон Ояти 171 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 171 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 171

۞ يَسْتَبْشِرُونَ بِنِعْمَةٍ مِنَ اللَّهِ وَفَضْلٍ وَأَنَّ اللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجْرَ الْمُؤْمِنِينَ ١٧١

۞ Ястабшируна би ниъмати-м миналлоҳи ва фазли-в ва анналлоҳа ло юзиъу аҷра-л муъминин. 171.

171. Онҳо ба неъмати Аллоҳ ва ба фазли Ӯ ва ба он ки Аллоҳ аҷри муъминонро зоеъ намекунад, шод мешаванд.

Оятҳои мазкур сифати шахсонест, ки онҳо дар роҳи ризои Аллоҳ барои баланд бардоштани шаъну шукӯҳи калимаи Аллоҳ “Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур расулуллоҳ” ҷиҳод мекунанд.

Шахсоне, ки аз шаҳодати пурифтихор мегурезанд ва умед доранд, ки дар хонаҳои худ нишаста маргро аз худ дур мекунанд, иштибоҳ кардаанд. Онҳо, чуноне ки Аллоҳтаъоло бо забони Расули худ (с) дар ин оятҳои зикршуда фармудааст, бояд бидонанд, ки касоне, ки шарбати шаҳодатро нӯшидаанд, ба чунон ҳаёти олие ноил шудаанд, ки шахсони ба дигар роҳ мурда ин дараҷаву ин мартабаро надоранд. Бинобар ин, ояти мазкур ба таъкид фармудааст, ки шаҳидони роҳи Аллоҳро аз мурдагон ҳисоб накунед, балки онҳо зиндаанд, аз назди Парвардигорашон ба онҳо ризқу рӯзӣ мерасад. Онҳо агар хоҳанд, ки Биҳиштро тамошо кунанд, рӯҳҳои онҳо дохили паррандаи сабзе, ки он дар илми Аллоҳ маълумасту лоиқи он мақом аст, менишинанд ва ҷойҳои мехостагиашонро дар Биҳишт тамошо мекунанд ва чун бармегарданд боз дар ҷойҳои худ дар қандилҳои арши Парвардигор ором мегиранд.

Хулоса, чун Аллоҳтаъоло шаҳидонро бо карами хеш шарбати шаҳодат нӯшонд, ба онҳо ҳаёти ҷовидонӣ ва неъматҳои биҳиштро арзонӣ бахшид. Шаҳидон мебинанд, ки ваъдаҳое, ки Аллоҳтаъоло барои шаҳидон дода буд, аз тасаввурашон зиёд иҷро шуда истодааст, бе ҳадду канор хурсанду хушҳол мешаванд. Илова бар ин, барои он бародарҳое, ки ҳоло ба инҳо напайвастаанду лекин дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод карда, ё умуман бо имон наздашон меоянд, хурсанданд. Зеро ба онҳо низ чун шаҳидон мувофиқи амалҳояшон ҷойҳои хубе аз Ҷаннат дода мешавад. Дигар хурсандиашон барои он аст, ки на худашон ва на бародарҳое, ки мисли онҳоянд, аз азоби рӯзи охират тарсе надоранд ва барои он чӣ ки дар дунё аз онҳо боқӣ мондааст, андӯҳгин ҳам нестанд. Зеро онҳо бо итминони комил дар раҳмати илоҳӣ дохил шудаанд. Илова бар ин, дар ивази он амалҳои солеҳе, ки шаҳидон дар дунё анҷом додаанду Аллоҳтаъоло аз ҷаннату неъматҳои он онҳоро сарфароз гардонид ва бо фазлу раҳмати худ савобҳои амалҳояшонро ба онҳо зиёда медиҳад, хушҳоланд. Шодмонии дигари онҳо дар ин аст, ки Аллоҳтаъоло, аҷри ҳеҷ муъминонеро, ки амали некро анҷом дода бошад, зоеъ нагардонидааст.

Муфассирони олиқадр дар шарҳи мазмуни ин оятҳо ҳадисҳои бисёре овардаанд.

Бо ривояти Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) аз Расулуллоҳ (с) омадааст, ки “Худованд ба шаҳидони Уҳуд ё шаҳидони Бирри Маъунаҳ хитоб карда аз онҳо пурсид, ки дигар чӣ орзуе доред? Онҳо гуфтанд: Парвардигоро! Мо болотар аз ин чӣ орзуе метавонем дошта бошем “Мо ғарқи неъматҳои ҷовидонаи Ту бошем ва дар сояи арши Ту маскан гирифта бошем, куҷо ва кай ки хоҳем, дар Ҷаннати Ту сайр кунем. Локин мо аз Ту як чизро хоҳонем, руҳҳои моро бори дигар ба ҷасадҳоямон баргардон ва мо бори дигар дар роҳи ризои Ту ҷиҳод кунем ва бори дигар ба шаҳодат расем.”

Тибқи баъзе ривоятҳо шаҳидон чун худро дар нозу неъматҳои Биҳишт мебинанд, таманно намуда мегӯянд: “Эй кош, хабари ин айшу фароғати моро ба бародаронамон мерасониданд, то онҳо низ ба сӯи ин ҳаёти абадӣ мешитобиданд.” Худованд ба ҷавоби орзуяшон фармуд, ки Ман мерасонам. Яъне ин се ояти қаблиро нозил намуд, чуноне ки аз мазмуни ин се оят маълум мешавад, он хабаре аз орзуҳои онҳост.

Ҳоло оятҳои баъдӣ аз сифатҳо ва хусусиятҳои муъминоне сухан мекунанд, ки онҳо дар ҳама ҳолат итоати Аллоҳ ва Расул (с)-ро мекунанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 170 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 172 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)