Этел Кларксон – зане, ки дар як рӯз миллионер шуд

0
Этел Кларксон

Хонум Этел Кларксон, сокини шаҳри Реджайни Канада, дар омади гап ба наберааш аз ҳолати бади молиявиаш шикоят карда, мегӯяд: «Кошки ба ӯ касе лотереяе туҳфа менамуд, ки пули зиёде бурд кунад». Дили наберааш ба Кларксон месӯзаду дар рӯзи таваллудаш ба ӯ як адад лотерея туҳфа менамояд. Кампир лутфи набераашро бо хушнудӣ пазируфт, аммо бовар надошт, ки соҳиби бурд мешавад.

Лотерея ва орзуи ба он вобастаашро зуд фаромӯш месозад. Вале, ҳангоме ки тавассути телевизион аз бурдҳои лотереяӣ хабар медиҳанд, туҳфаи наберааш ба ёдаш мерасад. Рақамҳои онро бо рамзи бурди асосӣ муқоиса намуда, қариб ки ҳуш аз сараш парад: ӯ соҳиби як миллион доллар шудааст.

– Аз қарзҳо раҳо ёфтану нафаси сабук гирифтанро хеле боз орзу менамудам, – гуфт хонум Кларксон. – Хушбахтам, ки ба орзуям расидам.

Григорий Перелман олиме, ки аз 1 миллион доллар даст кашид

Мақолаи қаблӣ«ГУГУН» – қасри куҳан
Мақолаи баъдӣСадамаи SS Gairsoppa

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед