Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 174 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 174
فَانْقَلَبُوا بِنِعْمَةٍ مِنَ اللَّهِ وَفَضْلٍ لَمْ يَمْسَسْهُمْ سُوءٌ وَاتَّبَعُوا رِضْوَانَ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ ذُو فَضْلٍ عَظِيمٍ ١٧٤
Фанқалабу би ниъмати-м миналлоҳи ва фазли-л лам ямсасҳум с-у-в ва-т-табаъу ризвоналлоҳ. Валлоҳу зу фазлин ъазим. 174.
174. Пас, (ин мусалмонон) ба неъмате аз Аллоҳ ва ба фазли Ӯ бозгаштанд ва ҳеҷ осебе онҳоро нарасид ва пайравии хушнудии Аллоҳро карданд ва Аллоҳ соҳибфазли бузург аст.
Чун тибқи ваъда як сол сипарӣ шуд, Расулуллоҳ (с) бо ёрони худ гуфт: “Омода шавед, ба Бадр меравем, агар шумо наравед, як худам танҳо бошам ҳам, меравам.” Ёрони Расулуллоҳ (с) ҳамроҳи асбобу васоили ҷангӣ ва тиҷоратӣ омода шуданд, вале шуниданд, ки Абӯ Суфён аз роҳи худ ба қафо баргаштааст, локин чунин бошад ҳам, ба ваъдагоҳ барои рӯёрӯӣ бо душман бо қасди Бадр аз ватан хориҷ шуданд. Бо инояту фазли Парвардигор ягон зарару зиён надида, бо офияту бе газанди душман, бо инъому фазли Парвардигор хариду фурӯш карда, бо суди бисёре сарфароз гашта, бо як мартабаи бузург ба хонаҳои худ баргаштанд. Онҳо чун ҷӯёи хушнудии илоҳӣ шуданду итоати ризои Парвардигорро хостанд, Парвардигор онҳоро ба ин мартаба сазовор дид. Зеро, Аллоҳтаъоло соҳиби фазли бузург аст. Ин ҳодисаро ғазои Бадри суғро номиданд. Ояти зер, сабаби тарсу хавфро баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «