Сураи Оли Имрон Ояти 173 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 173 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 173

الَّذِينَ قَالَ لَهُمُ النَّاسُ إِنَّ النَّاسَ قَدْ جَمَعُوا لَكُمْ فَاخْشَوْهُمْ فَزَادَهُمْ إِيمَانًا وَقَالُوا حَسْبُنَا اللَّهُ وَنِعْمَ الْوَكِيلُ ١٧٣

Ал-лазина қола лаҳуму-н-носу инна-н-носа қад ҷамаъу лакум фахшавҳум фа зодаҳум имона-в ва қолу ҳасбуналлоҳу ва ниъма-л-вакил. 173.

173. Касоне ки ба онҳо (саҳобагон) мардум гуфтанд: «Ҳаройина, мардуми кофир бар зидди шумо лашкаре ҷамъ кардаанд, аз он лашкар битарсед!». Пас, ин сухан имони онҳоро зиёда кард ва гуфтанд: «Аллоҳ моро басандааст (ва) Ӯ корсози нек аст».

Агарчанде ояти мазкур давоми ояти қаблӣ ва ҷавобу давоми эзоҳи он бошад ҳам, локин сабаби нузули ин оятро Имом Бухорӣ аз Ибни Аббос (р) чунин ривоят кардаанд: “Вақто Абӯ Суфён хост Уҳудро тарк кунад, поини кӯҳи Уҳуд то масофаи овозрас омад, Расулуллоҳ (с) боло буданд. Бо овози баланд гуфт: “Ай Муҳаммад, ҷанг бо навбат аст, як сол навбати ту буд, имсол навбати мо шуд, он чиро ки дар майдон мебинӣ, ки мурдагони шуморо гӯшу бинӣ буриданд, ин фармони ман нест. Ин амали бехирадон аст. Акнун соли оянда, дар Бадре, ки бародарони моро ба қатл расонида будӣ бо ҳам вомехӯрем!” Расулуллоҳ (с) дар ҷавоб гуфтанд: “Агар ваъдаи вохӯрдани моро Аллоҳ хоста бошад, бо шумо дар Бадр вомехӯрем!” Чун як сол сипарӣ шуд, Абӯ Суфён мувофиқи ваъдаи худ ҳамроҳи мушрикони Макка ба маконе бо ном Маҷнаҳ аз ноҳияи Маррул Заҳрон фуруд омад, аммо то Бадр норасида Аллоҳ дар дили ӯ тарс андохт. Онҳо ба қафо роҳи Маккаро пеш гирифта дар аснои роҳ бо Наъим ибни Масъуди Шаҷаъӣ ном марде, ки аз тавофи Ҳаҷҷи Умра боз гашта буд, вохӯрд. Ба ӯ гуфт: “Ман ба Муҳаммаду ёронаш ваъда дода будам, ки пас аз як сол дар Бадр вомехӯрем, яъне меҷангем, вале имсол соли қаҳти (хушксолӣ)-ст, ман салоҳ намебинам, ки бо онҳо дору гир кунам. Ин вохӯрӣ ва ҷанг бояд соле шавад, ки лоақал шутурони худро бо гиёҳон чаронда тавонем ва аз ширҳои онҳо бинӯшем. Ман намехоҳам Муҳаммад ба ваъдагоҳ ояду мо наомада бошем. Аз барои ҳамин чун ба Мадина меравӣ, онҳоро бо суханҳои гуногун аз хориҷ шудан ба Бадр суст гардон, агар ин корро анҷом дода тавонӣ, дар баробари хизмати худ, даҳ шутур подош мегирӣ!” Хулоса, хоҳ Абӯ Қайс бошад ё Наъими Шаҷаъӣ ба Мадина омаду фармоиши сардори худро анҷом дод. Дар ҳамин асно Аллоҳтаъоло ояти мазкурро нозил намуда, дар он фармуд, ки Расулуллоҳ (с) ва ёронаш касоне буданд, ки чун мардум ба онҳо гуфтанд, ки душман барои ҳамла алайҳи шумо лашкару ҷиҳози худро ҷамъ намудааст, аз онҳо битарсед, натарсиданд, балки чунин хабар имони онҳоро зиёд намуд ва ҳеҷ тазалзуле дар онҳо пайдо нашуд ва гуфтанд: “Худованд моро аз шарри онҳо басанда аст ва бисёр вакили хуб аст барои мо ва корсози некӯи мост.” Ҳикмат: Аз Имом Аҳмад ибни Ҳанбал ва дигар муҳаддисон чунин ривоят шудааст, ки чун ба сари Расулуллоҳ (с) вазниние рух медод, дастони худро бар сару баданашон кашида баъдан нафаси баланд берун карда, мегуфтанд: “Ҳасбияллоҳу ва ниъмал вакил”. Агар бар сари саҳобагон ҳам ягон вазниние меомад, Расулуллоҳ (с) онҳоро ба хондани ҳамин ҷузъи оят амр мефармуданд.

Акнун натиҷаи ба Аллоҳтаъоло таваккалу ихлос намуданро ояти зер зикр мекунад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 172 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 174 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)