Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 177 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 177
إِنَّ الَّذِينَ اشْتَرَوُا الْكُفْرَ بِالْإِيمَانِ لَنْ يَضُرُّوا اللَّهَ شَيْئًا وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ ١٧٧
Инна-л лазинаштараву-л-куфра би-л-имони ла-й язурруллоҳа шай-а-в ва лаҳум ъазобун алим. 177.
177. Дар ҳақиқат, ононе ки куфрро ивази имон хариданд, Аллоҳро ҳеҷ зиён нарасонанд ва барои онҳо азоби аламовар (омода)аст.
Оре! Касоне, ки бо хости худ куфрро бо баҳои имонашон харидаанд, яъне мунофиқоне, ки имони худро бо куфр бадал сохтаанд, бояд бидонанд, ки хоҳ онҳо яҳудианду хоҳ насронӣ ва хоҳ мушриканд ё каси дигар, агар ҳам якҷо шаванду алайҳи Аллоҳ ва дини ӯ мубориза баранд, ҳеҷ зиёне ба Аллоҳ ва ба дини Ӯ расонида наметавонанд. Аллоҳтаъоло чунин тоифаро ба ҳоли худ намегузорад, дер ё зуд нишонаҳои қудратҳои худро ба онҳо нишон медиҳад. Барои онҳое, ки тамоми насибаашонро дар ҳамин дунё гирифтаанд, дар охират ба ғайр аз азоби аламовар дигар насибаи неке нест. Мумкин аст, ки онҳо дар ин дурӯза дунё муъминҳоро азобу аламу шиканҷа кунанд, ҳатто ба қатл расонанд, локин дар охират азоби беқиёс барои чунин мардуми дунёдаркаш аниқ аст. Ин мазмун дар ояти зер идома дорад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «