Сураи Оли Имрон Ояти 197 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 197 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 197

مَتَاعٌ قَلِيلٌ ثُمَّ مَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ ۚ وَبِئْسَ الْمِهَادُ ١٩٧

Матоъун қалилун сумма маъвоҳум Ҷаҳаннаму ва биъса-л-миҳод. 197.

197. (Ин баҳрамандӣ) матои андак аст. Пас, бозгашти онҳо Ҷаҳаннам аст ва чӣ бад ҷойгоҳест Ҷаҳаннам!

Дар баёни сабаби нузули ин оятҳо омадааст, ки чун баъзе мусалмонон диданд, ки мушрикони Макка дар осоишанд, неъматашон фаровон аст, зиндагонии хуб доранд, тиҷораташон пурсуд аст ва ҳар чӣ мақсад доранд, ба он мерасанд, гуфтанд: “Ё Расулаллоҳ, мо душманони Худоро дар маишат мебинем, мо бошем аз камбағалӣ ба ҷон омадаем.” Ҳамоно оятҳои мазкур барои тасаллии онҳо нозил шуд ва онҳоро ором сохт. Дар ҳақиқат ин дунё аҷоиб аст: муъминони покро дучори азоб, ё дар ҳиҷрат, ё ки аз ватан бадарға, ё дар зиндон мебинӣ, аммо кофирон бошанд, ба кибру ҳаво ба дабдабаву тантанаи худ дар айшу фароғат масрурона умр ба сар мебаранд. Чунин ҳолатҳо баъзе муъминонро андӯҳгин сохта, дар дилашон саволҳо пайдо мешавад, ки боиси фиреб хӯрданашон мегардад. Бинобар ин, то ин ки мусалмонон фиреб нахӯранд, Аллоҳтаъоло дар оятҳои мазкур ба Ҳабиби Худ (с) мефармояд, ки эй мухотаб, гашту гузори кофирон ва сафарҳои тиҷоратии босуди бисёри онҳо (бо моддиёти дунё), зиндагонии худро равнақ бахшидани онҳо туро нафиребад. Ин дунёи зудгузар бо ин ҳама завқу барқи худ назди неъматҳои Биҳишт матои андак аст. Онҳо дар ин дунё фақат аз ин лаззатҳои зудгузар баҳра мебаранду халос ва сипас бошишгоҳашон Ҷаҳаннам аст. Чӣ оромгоҳи бад аст Дӯзах барои онҳо, зеро онҳо дар он ҷо абадӣ мемонанд. Аммо акси ҷойгоҳи кофирон, Ҷаннат барои шахсони худотарсу боимон омода аст, инро ояти зер баён мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 196 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 198 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)