Сураи Оли Имрон Ояти 198 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 198 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 198

لَٰكِنِ الَّذِينَ اتَّقَوْا رَبَّهُمْ لَهُمْ جَنَّاتٌ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا نُزُلًا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ ۗ وَمَا عِنْدَ اللَّهِ خَيْرٌ لِلْأَبْرَارِ ١٩٨

Локини-л лазина-т-тақав Раббаҳум лаҳум ҷаннотун таҷри мин таҳтиҳа-л-анҳору холидина фиҳо нузула-м мин ъиндиллоҳ. Ва мо ъиндаллоҳи хайру-л лил аброр.198.

198. Локин касоне, ки аз Парвардигорашон тарсиданд, онҳорост боғҳое, ки аз зери он ҷӯйҳо меравад, дар он ҳамеша бошанд, ин аз назди Аллоҳ (барои онҳо) меҳмонӣ аст ва он чӣ назди Аллоҳ аст, барои некӯкорон беҳтар аст.

Аллоҳтаъоло дар муқобили Ҷаҳаннаме, ки барои кофирон омода сохтааст, дар ивази амалҳои шоистаи касоне, ки ба ком расидани кофирон онҳоро дар шубҳа наандохта буд ва онҳо пайваста аз Аллоҳ тарсон буданд, боғҳоеро мукофот медиҳад, ки зери дарахтони онҳо ҷӯйҳо ҳамеша ҷорианд ва соҳибони боғҳо дар онҷо ҷовидон мемонанд. Илова бар ин, накӯкорон аз ҷониби Аллоҳтаъоло, дар он боғҳо зиёфатҳо ва меҳмондории баръало бинанд. Зеро, ҳар он чӣ назди Аллоҳтаъоло захира шудааст, аз тамоми неъматҳои муваққатии дунё хубтар аст.

Аллоҳтаъоло аз имони баъзе аҳли китоб дар ояти зер хабар медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 197 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 199 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)