Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 24
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ قَالُواْ لَن تَمَسَّنَا ٱلنَّارُ إِلَّآ أَيَّامٗا مَّعۡدُودَٰتٖۖ وَغَرَّهُمۡ فِي دِينِهِم مَّا كَانُواْ يَفۡتَرُونَ ٢٤
золика би аннаҳум қолу лан тамассана-н-нору илла аййома-м маъдудот. Ва ғарраҳум фи диниҳим-м мо кону яфтарун.24.
24. Ин ба сабаби он аст, ки онҳо гуфтанд: «Оташи Дӯзах ҳаргиз ба мо нарасад, магар рӯзҳои шуморидашуда». Ва он чӣ дар динашон онҳоро фирефта сохт, ки (сухани) дуруғ мебофтанд.
Ояти мазкур, сабаби аз ҳукми Расулуллоҳ (с) сарпечии онҳоро шарҳ дода мефармояд, ки онҳо бо пиндори худ аз як авлоди мумтоз, яъне аз авлоди Яъқуб (а) ҳастанду пайғамбарзодаанд. Ё ин ки, чунонеки дар ояти 18-уми сураи “Моида” зикри инҳо омадааст, мегӯянд: “Мо фарзанд ва дӯстони Худо ҳастем.” Ё чунонеки дар сураи “Бақара” гузашт, мегӯянд, ки мо аз 1000 сол 7 рӯз (он ҳам бошад дар дунё 1 рӯз) азоб мебинем ва ҳоказо. Хулоса, ба чунин суханҳои бофтаи худ, мағрур шуда, барои имтиёзи худ, чунонеки ояти мазкур фармудааст, ҷуръат карда ба Худо дурӯғҳо баста гуфтанд: Муҷозоти мо маҳдуд аст. Ҷуз чанд рӯзи шуморидашуда дигар оташи Дӯзах ба мо намерасад. “Бо чунин дурӯғбандӣ ва суханҳои бофта фирефта шуда, ҳатто гуфтанд: “Ба ҷуз он 40 рӯзе, ки падарҳои мо гӯсолапарастӣ карданд, дигар барои мо азоб нест.”
Хулоса, бо чунин суханбофиҳо дар дини ботилашон монданд. Қуръони карим ва ин қонуни барои насли башар доимамалкунанда ба чунин ҷуръаткунандаҳо ва ба чунин дурӯғтарошон ва ба чунин худрутбадиҳандагон дар ояти зер бо ваъид мефармояд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «