Сураи Оли Имрон Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 62

إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ الْقَصَصُ الْحَقُّ ۚ وَمَا مِنْ إِلَٰهٍ إِلَّا اللَّهُ ۚ وَإِنَّ اللَّهَ لَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ ٦٢ 

Инна ҳоза лаҳува-л-қасасу-л-ҳаққ. Ва мо мин илоҳин иллаллоҳ. Ва инналлоҳа ла Ҳува-л-Ъазизу-л-Ҳаким. 62. 

62. Ҳаройина, ин ҳамон саргузашт (хабар)-и воқеъӣ аст ва ҳеҷ маъбуде барҳақ ғайри Аллоҳ нест ва ҳаройина, Аллоҳ ғолибу боҳикмат аст.

Ояти мазкур валлоҳу аълам, давоми ояти қаблӣ буда, Худованд дар он фармудааст, ки ай Муҳаммад (с), он чӣ, ки дар оятҳои қаблӣ аз саргузашти Исо (а) барои ту қисса намудем, воқеан ҳаққ асту дуруст, ҳеҷ шакке дар онҳо нест. Сухани насрониҳо, ки Исо (а)-ро Худо ва ё писари Худо мегӯянд, суханест беасосу нодуруст. Агар онҳо дар ин ақидаашон устувор мебуданд, ба он қарордоде, ки бо ту имзо намуданд, вафо мекарданд. Ҳақиқати дигар ҳамчу радд, алайҳи насоро он аст, ки ғайри як маъбуди ягона ва сазовори ибодат дигар маъбуди барҳаққе вуҷуд надорад. Худованд зотест, ки аз ҳар гуна алоқаҳои падарӣ ва фарзандӣ ва аз ҳар гуна шарик интихоб намудан, пок аст. Дар давоми оят Худованд Худро сифат намуда мефармояд, ки ҳар ойина Ӯ таъоло дар ҷамии корҳое, ки ирода намудааст, ғолибу дар ҳар гуна тадбире, ки барои махлуқоти худ анҷом доданӣ аст, ҳаким аст. Ҳар чизро дар мақоми худ ҷо ба ҷо мегузорад, дар Ӯ таъоло ҳеҷ хатогие дида намешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)