Сураи Оли Имрон Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 63

فَإِنْ تَوَلَّوْا فَإِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ بِالْمُفْسِدِينَ ٦٣

Фа ин таваллав фа инналлоҳа Ъаломун би-л муфсидин. 63. 

63. Пас, агар рӯй гардонанд, ҳаройина, Худованд ба ҳоли табоҳкорон доност.

Ояти мазкур шахсонеро, ки ҳаққро қабул надоранд, мавриди таҳдид қарор дода мефармояд, ки касоне, ки аз адл ба сӯи ботил майл мекунанд ва ин ҳама далелҳои мантиқии Қуръонро, ки дар шаъни Исо (а) омадаанду ҳақиқати офариниши ӯро ва пайғамбари барҳақ будани ӯ (а) фаҳмониданд, қабул надоранд, дар ҷустуҷӯи ҳақ набуда, балки табоҳкоранд. Албатта, Аллоҳтаъоло фосидкоронро хуб медонад, аз нияти онҳо бохабар аст ва мувофиқи нияташон ба онҳо ҷазо медиҳад. 

Парвардигоро, ту аз ҷамии сифатҳое, ки насрониҳо ба Ту нисбат медиҳанд, пок ҳастӣ. Аз омадани азоб бар сари мо ба Ту паноҳ мебарем. 

Худованд дар ояти зер аҳли китобро, ба сӯи тавҳид мехонад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)