Сураи Оли Имрон Ояти 95 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 95 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 95

قُلْ صَدَقَ اللَّهُ ۗ فَاتَّبِعُوا مِلَّةَ إِبْرَاهِيمَ حَنِيفًا وَمَا كَانَ مِنَ الْمُشْرِكِينَ ٩٥

Қул садақаллоҳ. Фа-т-табиъу миллата Иброҳима ҳанифа-в ва мо кона мина-л-мушрикин. 95.

95. Бигӯ: «Аллоҳ рост гуфт, пас, дини Иброҳимро пайравӣ кунед, ки ӯ муваҳҳид буд ва аз ҷумлаи мушрикон набуд».

Аллоҳтаъоло дар ин оят Пайғамбари худ Муҳаммад (с)-ро мефармояд, ки ба чунин моҷароҷӯйҳо бигӯ, ки ҳеҷ кас дар сухан гуфтан аз Аллоҳтаъоло ростгӯйтар нест. Ҳамон Зот маро амр кардааст, ки миллати (дини) яҳуду насороро тарк намуда, тобеи миллати (дини) Иброҳим (а) шавам. Зеро ӯ (а) аз гуфти яҳудиён, ки гӯё яҳудӣ ва ба гуфти насоро насронӣ аст, безор аст. Зеро ӯ (а) аз гурӯҳи мушрикон нест. Дигар ин, ки ӯ (а) аз ҷамии динҳои худсохта безор аст. Натиҷа он аст, ки ҷамии мардум бояд ба дину миллати ӯ (а) тобеъ шаванд. Дини ман ҳам дини Ислому дини Иброҳим (а) аст. Шумо ҳам бояд тобеи дини ман шавед, зеро дини ман аз ҳар гуна хурофот пок ва аз ҷамии динҳои худбофтаи назди Худованд номақбулу ботил пок аст. Чӣ гуна бутпарастон метавонанд гӯянд, ки мо аз миллати Иброҳим (а) ҳастем? Оё ҳеҷ фикре намекунанд, ки бутшикан куҷову бутпараст куҷо? Вақто ки Иброҳим (а) аз ҷамии динҳои хурофотии худсохта безор аст, маълум мешавад, ки ҷамии мардуме, ки худро мусалмон меҳисобанд, бояд тобеи миллати (дини) ӯ (а) шаванд.

Хулоса, ягон “шариат”-и ҳоло мавҷуди таҳрифшуда мисли шариати Муҳаммад (с) комилу мутобиқ ва мувофиқ ба шариати Иброҳим (а) намебошад. Хонандаи мухлис, “Ва мо кона минал мушрикин” дар Қуръони карим ба такрор омадааст. Аз он ҷумла дар сураи “Оли Имрон” о. 67-95, “Бақара” о. 135, “Анъом” о. 161, “Наҳл” о. 124. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 94 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 96 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)