Атр аз чӣ тайёр мешавад?

0

Атр аз чи тайёр мешавад?

Атр – моддаест, ки бӯйи хуш дорад. Вай аз равғанҳои рустаниву ҳайвонот тайёр карда мешавад. Онро инчунин ба таври сунъӣ аз маҳсулоти нафтӣ низ истеҳсол мекунанд.

Атрҳои аз рустанӣ ҳосилшуда дорои равғанҳои хушбӯй мебошанд, ки аз қисмҳои ҷудогонаи рустаниҳо – реша, пӯстлох, барг, шира ва гули он тайёр мекунанд. Атрҳое, ки аз ҳайвонот, масалан, аз навъҳои кит ва қундуз мегиранд, ҳамчун маводи мустаҳкамкунандаи атриёт истифода мешаванд.

Равғанҳои рустаниро бо маводи ёрирасон бо спирт маҳлул мекунанд ва ба шишаҳои махсус барои истифода мерезанд.


Атри худиро ихтироъ кун

Ба шишае атри безарарро рез. Ба он ягон маҳлули дигар, ки бӯяш ба ту маъқул аст мисли барги гул ё навдаи рустании хушбӯйро ҳамроҳ намо. Даҳони зарфро сахт маҳкам карда, онро якчанд рӯз ба ин тарз гузор. Баъд онро полида дар зарфи шишагӣ нигоҳ дор. Агар бӯи хуши зарф баланд бошад, ба он камтар об ҳамроҳ намо.


Мақолаи қаблӣМаҳсулоти хӯрокворӣ чӣ тавр нигоҳ дошта мешавад?
Мақолаи баъдӣПартовгоҳ чист? (Мусор куҷо мешавад?)