Якчанд асрори математика

0

Пешрафти ҷомеа аз мавҷудияти илмҳои гуногун дар замони муосир гувоҳӣ медиҳад. Илмҳо ҳастанд, ки кудакону ҷавонону калонсолон аз онҳо баҳра гирифта, дар зиндагӣ истифодаашон менамоянд. Яке аз илмҳои маъмулу барои ҳамагон зарур, албатта ки фанни математика ба ҳисоб меравад. Агар дар ҷангал шоҳи ҳайвонот шер бошад, пас дар илм шоҳи фанҳо математика ба ҳисоб меравад.  Идомаи матлаб Шуморо бо якчанд  асрори ин фан ошно месозад. 


Дар ҷаҳон ҳамасола рӯзи умумиҷаҳонии математика 6-уми март ҷашн гирифта мешавад.


Дар забони хитойӣ чаҳор (четыре) маънои маргро дорад. Аз ин ҷиҳат дар Хитой суроғаи хонаҳоро 4  намегузоранд ва ё дар аксарияти лифтҳо ошёнаи  4-ум дида намешавад.


Италиягиҳо рақами 17-ро нағз намебинанд, ба он хотир ки дар  зери тобутҳояшон «дигар ман нестам» навишта шудааст,   ва ин ба рақамҳои римии VIXI монандӣ дорад. Ин рақамҳои римӣ дар якҷоягӣ рақами 17-ро ташкил медиҳанд. Яъне, 6+11=17. Аз ин ҷиҳат онҳо ин рақамро бад мебинанд.


Тадқиқотҳои сотсилолгии ҷаҳон нишон медиҳанд, ки аз ҳама рақами маъмулгашта ва хушбахттарин дар математика,  рақами 7 ба ҳисоб меравад. Дар ҷойи дуюми ин рейтинг рақами  3 қарор дорад.


Оё медонед, ки ҳосили ҷамъи тамоми ададҳои аз 1 то 100 ба 5050 баробар аст.


Аз ҳама шумораи калонтарин дар ҷаҳонро «центиллион» ном мебаранд, ки дар охири худ 600-то сифр дорад.


Дар Рим рақами 0 (сифр) вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин онҳо доно ва дар ҳисобидан бисёр фаъоланд.


Дар ҳеҷ гӯшаву канори Тайван рақами 4 вуҷуд надорад. Ҳеҷ кас бо ин рақам дар он ҷо во намехӯрад.


Аввалин воситаҳои ҳисобкунӣ дар ҷаҳон пеш аз ҳама ангуштон ба шумор мераванд. Онҳо воситаи аввалине мебошанд, ки инсон шумориданро аз онҳо шурӯъ намуда буд.


Аломати баробариро (=) аввалин шуда математики англис Роберт Рекорд дар асри XVI ихтироъ намудааст.


Дар забони тайландиҳо рақами 5 маънои «ха» -ро дорад. Агар дар паёмак онҳо 555 нависанд, ин чунин маъно дорад, ки онҳо «ха-ха-ха » навиштаанд, яъне ханда кардаанд.


Боз кадом фактҳои аҷиби математикаро медонед? Дар шарҳ нависед.

Якчанд сирри забономӯзӣ

Мақолаи қаблӣСолимии бардавом мехоҳед? Пас…
Мақолаи баъдӣПандҳои Луқмони Ҳаким

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед