Тафсири Сураи Раъд Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Раъд Ояти 21
وَالَّذِينَ يَصِلُونَ مَا أَمَرَ اللَّهُ بِهِ أَنْ يُوصَلَ وَيَخْشَوْنَ رَبَّهُمْ وَيَخَافُونَ سُوءَ الْحِسَابِ ٢١
Ва-л-лазӣна ясилуна ма амараллоҳу биҳӣ ая йусала ва яхшавна Раббаҳум ва яхофуна суа-л-ҳисаб. 21.
21. Ва ононе, ки он чӣ Худо ба васли он фармудааст, мепайванданд ва аз Парвардигори хеш метарсанд ва аз бадии ҳисоб меандешанд.
Сифати дувуми аҳли хиради комил он аст, ки пойбанди амри Худост, зеро Худованд фармудааст, ки пайванди хешутаборӣ бояд доимо ҳифз шавад. Аз ин рӯ, ба хешовандон ҳамеша силаи раҳмро (рафтуомадро) барқарор медоранду ба онҳо кӯмак мерасонанд. Имонро бо амали солеҳ як ҷо ҷамъ намуда ба муҳтоҷон раҳму шафқат нишон медиҳанд. Сифати севуми аҳли хиради комил он аст, ки ҳамеша аз Аллоҳ (ҷ) метарсанд ва аз он рӯзе, ки аз амалҳо зарра-зарра ҳисоб гирифта мешавад (ҳоли ман чӣ мешуда бошад гуён), меандешанду аз бадии ҳисоб дар ҳаросанд.
Дар бораи тарс аз Худо дар сураи «Фотир» ояти 28-ум омадааст, ки аз байни бандагони Худованд танҳо олимон аз Худо тарс доранд, ки сифати чаҳоруми аҳли хирад аст. Сифатҳои аҳли хиради комил дар ояти зер идома дошта, мукофоти онҳо низ таъин шудааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Раъд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «