Тафсири Сураи Рахмон Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Раҳмон Ояти 20
بَيۡنَهُمَا بَرۡزَخٌ لَّا يَبۡغِيٰنِۚ ٢٠
Байнаҳума барзаху-л ла ябғийан. 20.
20. Миёни ҳар ду пардаест, ки яке бар дигаре таҷовуз накунад (омехта нашаванд).
Аллоҳ таъоло ду баҳр шӯр ва ширинро, дар ҳоле ки бо ҳам тамос доранд, канори ҳам равон сохт ва миёни онҳо пардаеро гузошт, то ин ки шӯру ширин бо ҳам омехта нашаванд. Чуноне ки дар ояти 54-уми сураи «Фурқон» омадааст, ки ин ҳам яке аз қудратҳои оҷизкунандаи Аллоҳ таъолост. Олими араб доктор Муҳаммад Мутаваллӣ дар зери баҳри «курфазии» форс чашмаҳоеро тадқиқ намудааст, ки аз онҳо оби ширин фавора зада, ба боло ҳаракат мекунанд ва бо оби баҳр омехта намешаванд, ки ин худ як муъҷизаи илоҳист. Дар ин хусус олимон тадқиқоти гуногун ба анҷом расонидаанд.
Обҳои рӯйи Замин, чи шӯр ва чи ширин, ҳама ба мизони муайян халқ карда шудаанд.
Хулоса, пайдо шудани оби ширин, шур ва ғайра, ин ҳама хосту иродаи Аллоҳ таъолост, ки сифати Ӯ Раҳмон аст. Дар ояти зер бори дигар Аллоҳ таъоло бандагони Худро дар бораи ин неъматҳо хитоб намуда, ба онҳо савол медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Раҳмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «