Ҷомеаро инсон идора мекунад ва пайваста мекӯшад, то ба беҳтарин муваффақиятҳо ноил гардад. Ин амалҳо шуморо дар ҷодаи интихобнамудаатон муваффақ мегардонанд.
Аз имрӯз шурӯъ кун, зеро фардо навбати дигар корҳост.
Кореро, ки сар кардӣ, ба мушкилиҳояш нигоҳ нокарда, кӯшиши амалишавиашро кун. Албатта муваффақ хоҳӣ шуд.
Ба ноумедиҳо умед мабанд, зеро туро заиф месозанд. Ба чизе умед банд, ки имкони иҷрошавиаш бошад.
Доштани дафтарчаи хотира барои ҳамагон чизӣ аҷиб менамояд. Магар Алберт Эйнштейн дафтарчаи хотира надошт? Ё Садриддин Айнӣ Ёддоштҳоро аз дили худ навишта буд. Не ҳамаи шахсиятҳои бузург ба худ дафтарчаи хотира доштанд ва дар он беҳтарин лаҳзаҳои ҳайёташонро сабт менамуданд. Ту низ бебаҳра намонда, аз пайи ташкили дафтарчаи хотира шав, зеро рӯзе мешавад, ки ба он муҳтоҷ мегардӣ.
Агар дар ҳама кор фаъол бошиву аз рӯи нақша амал накунӣ, ин дар пеши муваффақиятҳоят ҳеҷ аст. Аз рӯи нақша амал намудан имиҷи одамро дигар мекунад ва ӯро ҳамчун шахси ҷиддӣ муаррифӣ месозад. Пас шурӯъ кун, то аз рӯи нақша корҳоят сурат гиранд.
Ба ҷангал танҳо марав мегӯянд, зеро ҳар чиз шуданаш мумкин. Дар корҳоят низ ҳеҷ гоҳ танҳо амал макун. Фикри ҳамкасбон ва ё ёру дӯстон мумкин самти фаъолияти шуморо беҳтар гардонад. Барои ҳамин кӯшиш кун, то ба гирифтани тавсияҳои дигарон одат намоӣ.
Аз думболи амале ва ё коре шав, ки абадитар бошад. Яъне коре ки ба яку ду бор ба анҷом мерасад, вақти зиёдатии туро мегирад. Кӯшиш кун нақшаҳоят дурнамо бошанд ва туро дар оянда муаррифӣ кунанд.
Агар хоҳӣ ки дар корҳоят муваффақият ҳамқадами ту гардад, пас ба ин гуфтаҳо таваҷҷӯҳ кун, зеро инҳо дар муваффақ шудани ту кӯмак мерасонанд. Раваду ягон пешниҳод оиди ин гуфтаҳо ба саратон ояд, пас дар шарҳ метавонӣ онро пешниҳоди дигарон намоӣ. Фикри ту метавонад мавзӯи моро пурратар гардонад.
Таҳияи Мунаввари Мираҳмадзод