Тафсири Сураи Рум Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Рум Ояти 11
اَللّٰهُ يَـبۡدَؤُا الۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيۡدُهٗ ثُمَّ اِلَيۡهِ تُرۡجَعُوۡنَ ١١
Аллоҳу ябдау-л-халқа сумма юъӣдуҳу сумма илайҳи турҷаъун. 11.
11. Худованд офариниши аввалро оғоз мекунад, боз онро бори дигар таҷдид мебахшад, боз ба сӯий Ӯ бозгардонида мешавед.
Онҳое, ки оятҳои Парвардигорро ба боди масхара гирифтанд, бояд бидонанд, ки натиҷаи кори онҳо ва сарнавишти онҳо чунин аст: Худованд Зотест, ки тавонист ки дар оғоз инсонҳоро аз адам (нестӣ) биофарад ва баъди вафот метавонад, ки онҳоро бори дигар зинда гардонад ва ҳама барои ҳисобу подош ё ҷазо ба сӯйи Ӯ баргардонида шаванд.
Хулоса, чун ҳама инсонҳо аз нав зинда гардонида мешаванд, ҳама ба майдони ҳисобу китоб даъват мешаванд. Накӯкорон дар ивази накӯкориашон подошро, бадкорон дар Қиболи бадкориашон ҷазои муносибро соҳиб мешаванд. Ояти зер чӣ гуна будани вазъи муҷримони гунаҳкорро дар он рӯз баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «