Тафсири Сураи Рум Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Рум Ояти 12
وَيَوۡمَ تَقُوۡمُ السَّاعَةُ يُبۡلِسُ الۡمُجۡرِمُوۡنَ ١٢
Ва явма тақуму-с-саъату юблису-л-муҷримун. 12.
12. Ва рӯзе, ки Қиёмат барпо шавад, гунаҳгорон мулзамшуда хомӯш (маъюсу дормонда) шаванд.
Рӯзе, ки Қиёмат барпо мешавад ва ҳама барои ҳисобу китоби худ ба маҳшаргоҳ (майдони ҷамъшавӣ) ҳозир мешаванд. Касоне, ки дар дунё мушрик ва кофир буданд, чун азоби Худовандро мушоҳида мекунанд, пеш аз он ки маҳкум шаванд, аз рӯйи ғаму андӯҳ ҳайрон шуда, аз наҷот ёфтани худ ноумеду сархам мешаванд. Шайтонро аз ин рӯ Иблис мегӯянд, ки ӯ аз раҳмати Худованд ноумеду маъюс аст.
Хулоса, аҳли куфр дар он рӯз аз раҳмати Парвардигор ва аз наҷоти худ маъюсанд. Зеро онҳо ҳамроҳи худ ба ин маҳшаргоҳ на имон овардаанд, на амали солеҳ ва на имкони бозгашт ба дунё доранд, то ин ки имон оранд ва амалҳои солеҳ кунанд. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «