Сураи Рум Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Рум Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Рум Ояти 23

وَمِنۡ اٰيٰتِهٖ مَنَامُكُمۡ بِالَّيۡلِ وَالنَّهَارِ وَابۡتِغَآؤُكُمۡ مِّنۡ فَضۡلِهٖ‌ؕ اِنَّ فِىۡ ذٰلِكَ لَاٰيٰتٍ لِّقَوۡمٍ يَّسۡمَعُوۡنَ ٢٣

Ва мин айатиҳӣ манамукум би-л-лайли ва-н-наҳари вабтиғаукум-м мин фаЗлиҳ. Инна фӣ залика ла айати-л ли Қавми-й ясмаъун. 23.

23. Аз нишонаҳои Ӯст хуфтани шумо дар шаб ва ризқ талаб кардани шумо аз фазли Ӯ дар рӯз. Ҳаройина, дар ин кор барои Қавме, ки мешунаванд, нишонаҳо ҳаст.

Ин ҳақиқат бар ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҳама мавҷудоти зинда барои ба даст овардани нерӯйи нав ниёз ба истироҳат доранд. Беҳтарин васила барои истироҳат хоб аст. Хоб неъмати бузурги Худованд аст. Ҳангоми хоб ҳамаи узвҳои ҷисми инсон; системаи асаб, дил, меъда, шуш ва ғайра бо реҷаи «оромӣ» фаъолият мекунанд. Нерӯйи корие, ки ҳангоми фаъолият дар бедорӣ сарф шуда буд, дар узвҳо барқарор мегардад. Баъд аз хоби солим одатан инсон соҳиби асаби оромшуда, нерӯйи нав ва рӯҳияи тару тоза мегардад. Барои идомаи фаъолият аз нав омода мешавад. Аксари инсонҳо ба хобу ҳақиқати он ва натиҷаи он чандон эътиборе намедиҳад, ҳол он ки хоб як мӯъҷизаи илоҳист. Тасавур кунед, инсон як шаб хоб накунад, ба чӣ ҳолат гирифтор мешавад. Бинобар таҷрибаҳои олимон инсон бехобии дурударозро бардошт карда наметавонад. Бехобии пай дар пай асаби инсонро хароб мекунад ва ҳатто сабаби марг ҳам мегардад. Чун инсон хоҳ аз хоби шаб, хоҳ аз хоби рӯз мехезад, барои таъмини зиндагии худ аз фазли Худованд, дар талаби ризқу рӯзӣ мешавад. Албатта, барои шахсоне, ки гӯши шунаво доранд, бо андеша каломи Аллоҳро мешунаванд, дар бораи Қудрат ва тавоногии Парвардигори якка ва ягона хоб яке аз нишонаҳои ошкор аст.

Бо ривояти Зайд ибни Собит (р) омадааст, ки эшон фармудаанд: “Чанд шаб паи ҳам маро хоб набурд. Инро назди Расулуллоҳ (с) арз кардам. Расулуллоҳ (с) фармуданд, ки бигӯ:

Аллоҳумма ғобатин нуҷуму ва ҳадаати-л-ъуюну ва анта Ҳайюн Қайюму ло таъхузука синатув ва ло навм, ё Ҳай ё Қайюм, аним ъайни ва аҳди лайли»

Бор Худоё! Ситорагон ғуруб карданд ва чашмҳо ором гирифтанд ва Ту зиндаи поянда ҳастӣ, ҳатто хоби пинак ҳам туро намебарад. Эй зиндаи поянда! Чашмҳоямро бихобон ва шабамро ороми бахшӣ!».

Ровӣ мегӯяд, чун ин вазифаро иҷро кардам хобам оддӣ шуд. (Табаронӣ).


Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Рум Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Рум Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)