Тафсири Сураи Рум Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Рум Ояти 24
وَمِنۡ اٰيٰتِهٖ يُرِيۡكُمُ الۡبَرۡقَ خَوۡفًا وَّطَمَعًا وَّيُنَزِّلُ مِنَ السَّمَآءِ مَآءً فَيُحۡىٖ بِهِ الۡاَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَا ؕ اِنَّ فِىۡ ذٰلِكَ لَاٰيٰتٍ لِّقَوۡمٍ يَّعۡقِلُوۡنَ ٢٤
Ва мин айатиҳӣ юрӣкуму-л-барқа хавфа-в ва тамаъа-в ва юназзилу мина-с-самаи маан фа юҳйӣ биҳи-л-арЗа баъда мавтиҳа. Инна фӣ залика ла айати-л-лиқавми-й яъқилун. 24.
24. Ва аз нишонаҳои Ӯст, ки барқро барои тарсидан ва рағбат додан ба шумо менамояд. Ва аз Осмон обро фуруд меорад, пас, ба сабаби он Заминро баъди мурдани он зинда мекунад, ҳаройина, дар ин кор барои Қавме, ки мефаҳманд, нишонаҳо ҳаст.
Дар ояти мазкур зикри нишонаҳои Қудрати Худованд идома ёфтааст. Яке аз нишонаҳои Худованд ин аст, ки барқро, ки ҳам мояи тарс асту ҳам мояи умед, ба шумо нишон медиҳад. Оре! Аз раъду барқ одатан ҳама метарсанд, ки мабодо оташаки он ҷоеро вайрон кунад ё сӯзонад. Аммо умед аз он аст, ки аз осмон борони пурфайз бораду ҳама рӯду чашмаҳо пуроб шаванд. Идомаи оят хабар медиҳад, ки Худованд зотест, ки борон меборонад ва аз оби он замини мурда (хушкида) зинда гашта, тару тоза мегардад. Дар рӯйи он сабзаву гулҳо рӯида заминро хурраму зебо мегардонанд. Дарахтон сабз гашта, анвои меваҳо ҳосил мегарданд. Дар охир барои таъкид, Худованд гуфтааст, ки дар он чи ки дар ин оят зикр шуд, барои шахсоне, ки ақлу хиради худро ба кор мебаранд, дар бораи Бузургӣ, Қудратмандӣ ва Тавоногии Офаридгори олам нишонаҳост. Зеро танҳо соҳибони ақл ва ҳикмат медонанд, ки ин ҳама мавҷудот нишонаҳоанд аз Бузургии беҳамтои Офаридгори якка ва ягона.
Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «