Фоидаҳои давидан

0

Давидан – як тарзи ҳаракати босуръат. Дар Мисри Қадим ва Юнони Қадим чун воситаи тарбияи ҳарбиён, бурдани маълумот ва ғайра истифода мешуд. Давидан яке аз воситаҳои тарбияи ҷисмонӣ буда, мушакҳоро боқувват, дилро қавӣ ва ҳаракати хунро беҳтар мекунад. Давидан махсусан баъди меҳнати фикрӣ як навъ истироҳати хуб аст. Дар шароити хона, кӯча, варзишгоҳ ва ғайра бо давидан машғул метавон шуд.


Ба давидан қатъи назар аз ҷинс ва сину сол, танҳо ё ҳамроҳи дигарон машғул метавон шуд. Бо либоси варзишӣ давидан беҳтар аст. Пойафзол бояд як андоза калон бошад.


Дар хона машқ кардан рагу пойҳоро мустаҳкам карда, барои дар кӯча давидан имконият ба вуҷуд меорад. Вақти давидан дастонро аз оринҷ қат карда, пешу қафо ҳаракат бояд дод. Ҳангоми дар кӯча давидан зонуҳоро баланд набардошта, аввал нӯги пой ва сонӣ пошнаи пойро ба замин гузоштан лозим аст.


Шитоб намудан лозим нест. Аввал бештар роҳ рафтан, сонӣ давидан лозим ва баръакс. Одатан ҳафтае аз 3 то 5 маротиба, аз 15 то 30 дақиқа давидан тавсия мешавад.


Манбаъ: Канали ютубии Faiz Ibrohimov.

Магар Месси мусалмон аст?

Мақолаи қаблӣЧаро дар интихоби ҳамсар иштибоҳ мекунем?
Мақолаи баъдӣПайдоиши тақвим. Маънои номҳои моҳҳо

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед