Сураи Сабо Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сабо Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сабо Ояти 14

فَلَمَّا قَضَيۡنَا عَلَيۡهِ الۡمَوۡتَ مَا دَلَّهُمۡ عَلٰى مَوۡتِهٖۤ اِلَّا دَآبَّةُ الۡاَرۡضِ تَاۡ كُلُ مِنۡسَاَتَهُ ۚ فَلَمَّا خَرَّ تَبَيَّنَتِ الۡجِنُّ اَنۡ لَّوۡ كَانُوۡا يَعۡلَمُوۡنَ الۡغَيۡبَ مَا لَبِثُوۡا فِى الۡعَذَابِ الۡمُهِيۡنِ ١٤

Фа ламма ҚаЗайна ъалайҳи-л-мавта ма даллаҳум ъала мавтиҳи илла даббату-л-арЗи таъкулу минсаатаҳ. Фа ламма харра табайянати-л-ҷинну ал лав кану яъламуна-л-ғайба ма лабису фи-л-ъазаби-л-муҳӣн. 14.

14. Пас, чун бар вай маргро муқаррар кардем, онҳоро бар мавти ӯ ба ҷуз кирми чӯбхорае, ки асои Сулаймонро мехӯрд, далолат накард, пас, чун биафтод, пеши девҳо возеҳ шуд, ки агар ғайбро медонистанд, дар азоби хоркунанда даранг намекарданд.

Дар ин оят Худованд аз марги аҷибу ибратангези пайғамбари бузурги Худ Сулаймон (а) хабар дод, ки чун муддати умри Сулаймон (а) ба поён расид ва маргро бар вай муқаррар сохтем, дар ҳоле даргузашт, ки ду дастро сари асои худ ва болои онҳо чун инсони бедор манаҳи худро гузошта, такя дода буд. Ҳеҷ кас, ҳатто ҷинҳои коргар онҷобуда аз марги ӯ (а) огоҳ нашуданд. Ҷинҳо, ки тарс аз Сулаймон (а) доштанд, то вақти маълум шудани марги ӯ (а) ба кори худ машғул буданд. Бо ривояти Ибни Касир (р) муддати як сол бо ҳамин тартиб сари асои худ рост истод (ба ҷузъиёти он дар ин ҷо дигар ишорае нест). Дар ин байн кирми чӯбхур асои ӯ (а)-ро хӯрду суст кард. Чун асо шикаст, ҷасади Сулаймон (а) ба замин афтод, баъд мардуму ҷинҳо донистанд, ки ӯ (а) аз олам кайҳо даргузаштааст. Гумони мардум оид ба илми ғайбро донистани ҷинҳо ботил шуд. Зеро агар ҷинҳо мурдани Сулаймон (а)-ро медонистанд, муддати як сол ба корҳои вазнини тоқатфарсое, ки чун ҷарима Сулаймон (а) ба онҳо амр карда буд, идома намедоданд. Хулоса, бар ҳамагон маълум гашт, ки инсон агарчи ба авҷи Қудрат ҳам бирасад, боз ӯ мавҷудест заъиф, ногузир ба самти марг ҳаракаткунанда. Оре! Агар аз инсон касе мебуд, ки маргро аз худ дур месохт, Сулаймон (а) мебуд. Зеро ӯ (а) бар инсу ҷин ҳукумат дошт ва ӯ (а) Пайғамбари Илоҳӣ низ буд. Барои фаҳмидани ҷузъиёти Қиссаи Сулаймон (а) ба тафсири Қуртубӣ шарҳи ояти мазкур муроҷиъат шавад. Тибқи баъзе аз ривоятҳо омадааст, ки рӯзе Сулаймон (а) дар ибодатхонаи худ буд. Дид, ки ҷавоне хушрӯю хушлибос аз як тараф берун омад ва ба сӯи Сулаймон (а) дар ҳаракат шуд. Сулаймон (а) Қаблан амр карда буд, ки имрӯз ҳеҷ кас ба наздаш дохил нашавад, дар таъаҷҷуб монд, ки ин шахс чӣ тавр дохили бино шудааст. Аз ӯ пурсид: «Ту кистӣ ва бо иҷозаи кӣ вориди Қасри ман шудӣ?». Он ҷавон дар посух ба Сулаймон (а) гуфт: «Ман касе ҳастам, ки на аз шоҳон метарсам ва на чизе маро манъ карда метавонад ва на шахсе ҳастам, ки ришва (пора) гирам». Сулаймон (а) бештар таъаҷҷуб кард. Аммо ба Сулаймон (а) маҷоли сухан гуфтан надод, ба сухани худ идома дода, гуфт: «… Ман фариштаи маргам, омадам то Қабзи рӯҳи ту кунам!». Инро гуфт ва фавран рӯҳи ӯ (а)-ро Қабз кард.

Хушо ба ҳоли касе, ки дар ибодатхона, дар меҳроб чун Сулаймон (а) ҷонро ба ҷонофарин таслим мекунад, эй кош моёни заъиф ҳам…


Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сабо Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сабо Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)