Сураи Сабо Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сабо Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сабо Ояти 15

لَقَدۡ كَانَ لِسَبَاٍ فِىۡ مَسۡكَنِهِمۡ اٰيَةٌ  ۚ جَنَّتٰنِ عَنۡ يَّمِيۡنٍ وَّشِمَالٍ ۖ کُلُوۡا مِنۡ رِّزۡقِ رَبِّكُمۡ وَاشۡكُرُوۡا لَهٗ ؕ بَلۡدَةٌ طَيِّبَةٌ وَّرَبٌّ غَفُوۡرٌ ١٥

Лақад кана ли сабаин фӣ масканиҳим аяҳ. Ҷаннатани ъа-й ямӣни-в ва шимал. Кулу ми-р ризқи Раббикум вашкуру лаҳ. Балдатун таййибату-в ва Раббун Ғафур. 15.

15. Ҳаройина, Қавми Саборо дар масканҳояшон аз ҷониби рост ва аз ҷониби чап ду бӯстони ибратангез буд. (Гуфтем): «Ризқи Парвардигори хешро бихӯред ва Ӯро шукр гӯед, ки шуморо шаҳре ҳаст покиза ва Парвардигоре ҳаст омурзанда».

Дар ин ки «Сабо» номи Қабилааст ё номи сарзамин, байни муфассирон ихтилофи назар аст. Яъне агар ба ояти 22-юми сураи «Намл», Қиссаи ҳудҳуд назар шавад, «Сабо» номи сарзамине дар шоҳигарии Яман аст. Агар ба мазмуни ояти таҳти назар эътибор дода шавад, «Сабо», чуноне ки ҳадис низ онро тасдиқ мекунад, номи Қабила аст. Бо ривояти Ибни Аббос (р) омадааст, ки марде аз Расулуллоҳ (с) пурсид, ки ё Расулаллоҳ (с), «Сабо» чист? Оё ӯ мард аст ё зан ва ё номи сарзамине? Расули Худо (с) дар посух фармуданд: «Сабо» номи мардест, ки барои вай даҳ фарзанди писар ба дунё омад, шаш тани онҳо сокини шаҳри Яман шуданд ва чаҳор тани онҳо сокини шаҳри Шом. Онҳое, ки сокини шаҳри Яман шуданд, Мазуҳиҷ, Кинда, Язд, Ашъариҳо, Анмор ва Ҳамяр ном доштааст. Онҳое, ки сокини шаҳри Шом шуданд, бо ном: Лахм, Ҷузом, Омила ва Ғассон. Олимони насабшинос гуфтанд, ки Сабо номи Абдуш-шамс, падари шоҳони Яман аст. Садду-л-маъриб сарбанде буд, ки шоҳони Қадими ин сарзамин онро бино карда буданд. Дар ҳавзаи сарбанд он обҳои борон ҷамъ мешуд, мардум бо истифода аз оби он зироъату боғҳоро обод мекарданд. Бори дигар сарбанди мазкур, соли 1987-уми мелодӣ аз нав таъмир шуд.

Баъд аз баёни неъматҳое, ки Худованд ба Довуд (а) ва ба Сулаймон (а) дода буд ва баъди шукргузории ин ду пайғамбар дар ояти зери назар сухан аз Қавми «Сабо» омад. Худованд аз саргузашти аҷибу ибратангези онҳо дар панҷ ояти зер хабар дода, дар оғоз гуфтааст, ки дар ҳақиқат барои Қавми «Сабо» дар маҳалли зисташон ва дар атрофи сарбанди «Садду-л-маъриб» нишонаҳое аз Қудрати Илоҳӣ буд, ки бар ягонагии Худованд ва бар Қудрату раҳмати Ӯ ва бар воҷиб будани шукргузорӣ далолаткунанда буд. Яъне дар зарзамини «Сабо» аз тарафи чап ва аз тарафи рост ду боғи калоне барпо шуда буд, ки дар онҳо ҳама навъи меваҳо фаровон мавҷуд буданд ва дохили он водӣ манзилҳои маскунӣ бино шуда буд.

Аз тарафи Парвардигор ба онҳо илҳом шуд, ки аз рӯзии Парвардигоратон (аз меваҳои он ду боғистон) бихӯред ва барои он неъматҳое, ки Парвардигор барои шумо арзонӣ намудааст, шукргузор бошед. Дар адои тоъату ибодат ва амал ба амру фармонҳои Худованд кӯшиш ба харҷ диҳед ва аз содир кардани корҳои гуноҳ парҳез кунед. Зеро сарзамини шумо покиза аст ва Парвардигори шумо Зотест неъматбахш, агар имон оред, гуноҳони шуморо омурзандааст. Аммо аҳли «Сабо» он чи Парвардигор ба онҳо гуфт, напазируфтанд…


Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сабо Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сабо Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)