Тафсири Сураи Сабо Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сабо Ояти 18
وَجَعَلۡنَا بَيۡنَهُمۡ وَبَيۡنَ الۡقُرَى الَّتِىۡ بٰرَكۡنَا فِيۡهَا قُرًى ظَاهِرَةً وَّقَدَّرۡنَا فِيۡهَا السَّيۡرَ ؕ سِيۡرُوۡا فِيۡهَا لَيَالِىَ وَاَيَّامًا اٰمِنِيۡنَ ١٨
Ва ҷаъална байнаҳум ва байна-л Қура-л-латӣ баракна фӣҳа Қуран заҳирата-в ва Қаддарна фӣҳа-с-сайр. Сӣру фӣҳа лайалия ва аййаман аминӣн. 18.
18. Ва миёни онҳо ва миёни он деҳаҳое, ки дар он деҳаҳо баракат ниҳода будем, бо якдигар пайвастагиро пайдо кардем ва дар он деҳаҳо, ки аз як деҳа деҳаи дигарро дида мешуд омаду рафтро муқаррар кардем. (Гуфтем): «Дар ин деҳаҳо эминшуда шабҳо ва рӯзҳо сайр кунед».
Худованд дар ин оят бори дигар аз достони Қавми «Сабо», ки барои ҳар шунаванда дарси омухтанист, хабар додааст, ки Мо сарзамини онҳоро чунон обод сохта будем, ки на танҳо шаҳрҳояшонро ғарқи файзу баракат сохта будем, балки миёни сарзаминҳои онҳо шаҳру деҳаҳои намоён Қарор дода будем. Яъне, Худованд байни шаҳру деҳаҳои аҳли «Сабо» то шаҳри Шом, баракати худро арзонӣ дошт ва деҳаҳоро бо ҳам наздик гардонида буд. Аз як деҳ деҳи дигарро ошкоро дидан мумкин буд. Агар шахсе аз сарзамини «Сабо» то шаҳри Шом сафар мекард, ҳамроҳи худ бардоштани тӯшаву об лозим набуд. Зеро ҳама ҷо обод, ҳама чиз мерасид. Агар шахсе аз як деҳа сафар мекард, ҳадди аққал то ними рӯз ба деҳаи дигар мерасид, истироҳат мекард ва аз он ба роҳ мебаромад, то ин ки ҳаво торик шавад, мусофир ба деҳаи дигар мерасид. Худованд ба онҳо гӯфт, ки шаб аст ё рӯз, дар ин шаҳру деҳот дар амну амонӣ сафар кунед. Яъне амну амонӣ чунон ҳукмфармо буд, ки чи шаб ва чи рӯз инсон метавонист ба сафар барояд, на хавфи ташнагӣ буд, на хавфи гуруснагӣ, на хавфе аз душману даррандаҳо. Зеро деҳаҳо бо ҳам наздик буданд. Ривоят шудааст, ки шумораи деҳаҳое, ки байни сарзамини «Сабо» то шаҳри Шом хело зиёд буд, онҳо бо дарахтони босамар обод буданд. Чун аҳли «Сабо» ё Яман аз ватани худ ба сӯи шаҳри Шом сафар мекард, агарчи муддати сафарашон ба чаҳор моҳ тӯл мекашид, ҳам дар амну амонӣ ва дар серию пурӣ сайр карда ба шаҳри Шом мерасиданд. Дар ҳар деҳае, ки саҳар ё чошт ва ё бегоҳ мерасиданд, обу мева ва хӯрокҳои фаровоне барои онҳо муҳайё буд. Вале онҳо шукронаи ин неъматҳоро ба ҷо наоварданд, чуноне ки ояти зер ишора дорад, бо ихтиёри худ хостгори ранҷу машаққат шуданд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «