Сураи Сабо Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сабо Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сабо Ояти 32

قَالَ الَّذِيۡنَ اسۡتَكۡبَرُوۡا لِلَّذِيۡنَ اسۡتُضۡعِفُوۡۤا اَنَحۡنُ صَدَدۡنٰكُمۡ عَنِ الۡهُدٰى بَعۡدَ اِذۡ جَآءَكُمۡ بَلۡ كُنۡتُمۡ مُّجۡرِمِيۡنَ ٣٢

Қола-л-лазӣн-астакбару лил лазӣнастуЗъифу а-наҳну сададнакум ъани-л-ҳуда баъда из ҷаакум. Бал кунтум-м муҷримӣн. 32.

32. Сардорон ба нотавонон гӯянд: «Оё мо шуморо баъд аз он ки ба шумо ҳидоят омад, боздоштем? (На!) Балки шумо худ гунаҳгор будед».

Дар Қиёмат, чуноне ки гузашт, байни пайравон ва пешвоёни кофиру золим кашмакаш ва душманӣ пайдо мешавад. Локин пешвоён хомӯш наистода, бо инкор ба онҳо мегӯянд, ки баъд аз он ки роҳи ҳидоят ва имон ба Қадри кофӣ ба суроғи шумо омад, пайғамбарон тамоми ҳуҷҷатҳоро барои шумо гуфтанд, оё мо шуморо аз роҳи ҳидояту имон боздоштем ё худатон тобеи ҳавои нафси худ шудед? Агар дар роҳи ҳидоят рафтан мехостед, ин имкон дошт, чаро нарафтед? Ҳоло ба мо мегӯед, ки агар шумо намебудед, албатта, мо муъмин будем. Балки шумо будед, ки бо по фишорӣ ба роҳи куфр рафтед. Шумо чӣ далел доштед, ки суханҳои анбиё (а)-ро итоъат накарда, тобеи даъвати мо шудед? Пайравони мазлум ба посухи онҳо Қонеъ нашуда, барои исбот кардани гунаҳгор будани пешвоёни кофир бори дигар ба сухан даромада…


Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сабо Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сабо Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)