Сураи Сабо Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сабо Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сабо Ояти 31

وَقَالَ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا لَنۡ نُّؤۡمِنَ بِهٰذَا الۡقُرۡاٰنِ وَلَا بِالَّذِىۡ بَيۡنَ يَدَيۡهِؕ وَلَوۡ تَرٰٓى اِذِ الظّٰلِمُوۡنَ مَوۡقُوۡفُوۡنَ عِنۡدَ رَبِّهِمۡ ۖۚ يَرۡجِعُ بَعۡضُهُمۡ اِلٰى بَعۡضِ اۨلۡقَوۡلَ‌ۚ يَقُوۡلُ الَّذِيۡنَ اسۡتُضۡعِفُوۡا لِلَّذِيۡنَ اسۡتَكۡبَرُوۡا لَوۡلَاۤ اَنۡـتُمۡ لَـكُـنَّا مُؤۡمِنِيۡنَ ٣١

Ва Қола-л-лазӣна кафару лан-н нуъмина би ҳаза-л-Қур-ани ва ла би-л-лазӣ байна ядайҳ. Ва лав тара изи-з-залимуна мавқуфуна ъинда Раббиҳим ярҷиъу баъЗуҳум ила баъЗини-л Қавла яқулу-л-лазӣна-с-туЗъифу лил лазӣна-с-такбару лав ла антум лакунна муъминӣн. 31.

31. Ва кофир (мушрик)-он гуфтанд: «Ҳаргиз ин Қуръонро ва он Китоберо, ки пеш аз вай буд, бовар надорем». Ва эй бинанда, агар чун ситамгаронро назди Парвардигори хеш истода бубинӣ (ба ҳоли онҳо) таъаҷҷуб кунӣ, баъзеи онҳо ба сӯи баъзе суханро бозмегардонад, онҳое, ки нотавон гирифта мешуданд, ба онҳое, ки сардори онҳо буданд, гӯянд: «Агар шумо намебудед, ҳаройина, мо мусулмон мешудем».

Дар ин оят Худованд хабар додааст, ки касоне, ки ба гуфтаҳои Ту (с) бовар надоранду мегӯянд, ки ҳаргиз мо ба Қуръону ба дигар китобҳои осмонии пеш аз вай омада ва ба пайғамбарони пешин ва ба он чи омаданист (Қиёмат, Дӯзах, Ҷаннат), имон нахоҳем овард, кофиранд. Калимаи «лан» дар истилоҳи арабӣ нафйи абадист. Яъне кофирони он давр гуфтанд, ки мо ҳаргиз ва то абад бо таблиғи ту имон нахоҳем овард.

Дар идомаи ояти мазкур омадааст, ки шахсони мушрик дар дунё бо ҳам дӯсту ҳамкори ҳамдигар буданд. Вақто ки онҳо барои ҳисобу китоб дар майдони Қиёмат дар пешгоҳи Парвардигор меистанд, ҳар кадоме аз онҳо мехоҳад гуноҳи худро ба гардани дигар бизанад. Аз ин рӯ, дар он асно, бо ҳамдигар кашмакаш ва душманӣ мекунанд. Эй мухотаб! Агар ин саҳна ва вазъи ҳоли онҳоро дар он асно бубинӣ, дар ҳайрат мемонӣ. Дар ҳамин вақт мустазъафин (пайравон) ба мустакбирин (пешвоён) мегӯянд, ки агар шайтанати шумо ва васвасаи фиребандаи шумо намебуд, агар шумо моро аз имон овардан ба Худо ва аз пайрав шудан ба Расули Ӯ (с) боз намедоштед, имрӯз мо шахси имондор мебудем ва дар сафи муъминон Қарор мегирифтем. (“Мустазъафин” шахсонеро гӯянд, ки мисли шахси чашму гӯшбаста думболи кас меравад, локин намедонад, ки ӯро ба куҷо бурда истодааст. Мустакбирин: шахсонеро гӯянд, ки бо кибру ғурур, бо фикру хатти кашидаи шайтонӣ ва бо ҷабру зулм болои сари мардум сардорӣ мекунад).

Дар дунё пайравони мазлум ҳозир набуданд, ки бо пешвоёни золим Қотеъона бархӯрд кунанд, зеро заъфу тарс аз тарафи золимон бар вуҷудашон таъсир дошт ва озодии худро аз даст дода буданд. Дар Қиёмат мебинанд, ки ҳама баробаранд ва раёсати шоҳ бо раъият, золим ба мазлум нест, мехоҳанд тамоми гуноҳҳои худро болои пешвоёни золими бияндозанд, локин…


Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сабо Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сабо Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)