Вожаи точик дар ашъори бузургони классики, калимаи точик дар шеърхои бузургон, вожаи тоҷик дар осори бузургон аз сомонаи www.DONISHJU.net >>

Зи Чину Мочин якрӯя то лаби ҷайҳун,
Зи Турку Тоҷик, аз Туркману Ғузу Хазар.
(Унсурӣ)
Як ҳамлаву як ҳамла, омад шаби торикӣ,
Туркӣ куну чустӣ кун, на сустию тоҷикӣ.
(Румӣ)
Руйи тоҷиконаат бинмой то доғи ҳабаш,
Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ занад.
(Саъдӣ)
Араб дидаву Турку Тоҷику Рум,
Зи ҳар навъ дар нафси покаш улум.
(Саъдӣ)
Чу яксон аст он ҷо турку тоҷик,
Ҳам аз Эрон ҳам аз Тӯрон дареғо.
(Аттори Нишопурӣ)
Эй баста камар зи дуру наздик,
Бар хуни тамоми Турку Тоҷик.
(Ҳофиз)
Ту фитна кардию Тоҷику Турк муттаҳаманд,
Ки роҳ ба фитна кушоданд мулки султонро.
(Қоонӣ)
Тоҷики гарданшахи гарданшикан,
Бештаре теғзану найзазан.
(Амир Хусрави деҳлавӣ)
Нигори Турку Тоҷикам кунад сад хона вайрона,
Бад-он мижгони тоҷиконаву чашмони туркона.
(Навоӣ)
Пеши ҳиндуи чашми хунрезат,
Гашта Туркон забунтар аз Тоҷик.
(Ҷомӣ)
Сози нофаҳмидагӣ кӯк аст, ку илму чи фазл?
Ҳар куҷо дидем, баҳси турк бо тоҷик буд.
(Бедил)
Турку тоҷикро ба якдигар
Хасмиву гирудор мебинам.
(Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ)
Шаш ҷиҳат рушан зи тоби рӯйи ӯ,
Турку тоҷику араб ҳиндуи ӯ.
(Иқбол)
Кист, к-аз ғами ишқаш ҷон бадар тавонад бурд,
Дайлам аст ё курд аст, турк ё ки тоҷик аст.
(Ҳоҷиби Шерозӣ)
Бипурс ҳоли ман аз чашми худ, ки ин маънӣ
Ҳикоятест, ки маълуми турку тоҷик аст.
(Салмони Соваҷӣ)
Бипурс ҳоли ман аз чашми худ, ки ин маънӣ,
Хикоятест, ки маълуми турку тоҷик аст.
(Салмони Соваҷӣ)
Он шўх к-аз ўст дар табу тоб,
Доим дилу ҷони турку тоҷик.
Муштоқи Исфаҳонӣ)
Он сарвболо кист он, к-аз васф лол астам забон,
Дар ишқи ӯ девона шуд ҳам турку тоҷику араб.
(Ғавси Гелонӣ)
Шуд ғайрати кору бори ишқат
Зуннор миёни турку тоҷик.
(Назирии Нишопурӣ)
Зиҳи хулқу карам, к-аз дуру наздик,
Хамегуяд дуояш турку тоҷик.
(Аҳлии Шерозӣ)
Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР


