Тафсири Сураи Сабо Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сабо Ояти 48
قُلۡ اِنَّ رَبِّىۡ يَقۡذِفُ بِالۡحَـقِّۚ عَلَّامُ الۡغُيُوۡبِ ٤٨
Қул инна Раббӣ яқзифу би-л-ҳаққи Ъалламу-л-ғуйуб.48.
48. Бигӯ: «Ҳаройина, Парвардигори ман (дар дили ман) аз илми ғайб ваҳй (сухан)-и ростро илҳом мебахшад, Ӯ Парвардигор, донои ғайбҳост».
Дар ин оят низ Худованд Расули Худ (с)-ро фармуд, то бо ҳуҷҷатҳои ошкору равшан ба онҳо (мушрикон) бигӯяд, ки дар ҳақиқат Қуръон сухани Парвардигор аст. Ӯ инкорпазир нест, шиканандаи камари ҳама корҳои ботил аст. Ӯ ихтироъи касе чун ман нест, то маро муттаҳам кунед. Ӯ аз тарафи Худованд бар Қалби ман таҷаллӣ (афганда) шудааст. Ӯ таъоло донандаи ғайб (тамоми асрор) аст. Чаро бо фиристодаи барҳаққи Ӯ зиддият нишон медиҳед, чаро ӯро Қабул надоред? Ба зудӣ хоҳед фаҳмид, ки ин ваҳйи Илоҳӣ (осмонӣ) ҷаҳонгир хоҳад шуд ва бо нури худ ҳама ҷоро равшан хоҳад кард. Валлоҳу аълам:
Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «