Сураи Сафф Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сафф Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сафф Ояти 7

وَمَنۡ اَظۡلَمُ مِمَّنِ افۡتَـرٰى عَلَى اللّٰهِ الۡكَذِبَ وَهُوَ يُدۡعٰٓى اِلَى الۡاِسۡلَامِ‌ ؕ وَاللّٰهُ لَا يَهۡدِى الۡقَوۡمَ الظّٰلِمِيۡنَ ٧

Ва ман азламу ми-м-манифтаро ъалаллоҳил казиба ва Ҳува юдъа ила-л-Ислом. Валлоҳу ла яҳди-л-қавма-з-золимӣн. 7.

7. Ва кист ситамгортар аз касе ки ба Аллоҳ дурӯғро барбаст, дар ҳоле ки ӯ ба сӯйи Ислом хонда мешавад? Худованд ситамгаронро роҳнамоӣ намекунад.

Яъне ҳеҷ шахс золимтар аз он кас нест, ки Аллоҳтаъоло ба забони набияш ӯро ба Ислом мехонад, аммо вай ба ҷойи он, ки Паёмбарро қабул кунад, бар Аллоҳтаъоло дурӯғ баста пайғамбарашро соҳир ва оёти нозилшударо сеҳр мегӯяд. Чунин шахс маҳз фоҷиру золиму фосиқ аст ва Худованд ӯро дар чунин сифат ҳаргиз ҳидоят намекунад Онҳо…


Рӯйхати оятҳои Сураи Сафф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сафф Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сафф Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)