Сураи Саҷда Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сачда Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Саҷда Ояти 10

وَقَالُوۡٓا ءَاِذَا ضَلَلۡنَا فِى الۡاَرۡضِ ءَاِنَّا لَفِىۡ خَلۡقٍ جَدِيۡدٍ ۚ بَلۡ هُمۡ بِلِقَآءِ رَبِّهِمۡ كٰفِرُوۡنَ ١٠

Ва Қолу а-иза Залална фи-л-арЗи аинна лафӣ халқин ҷадӣд. Бал ҳум би лиқаи Раббиҳим кафирун. 10.

10. Ва онҳо гуфтанд: «Чун дар зери Замин гум шавем, оё мо дар офариниши нав боз хоҳем буд?». Балки онҳо ба мулоқоти Парвардигори хеш кофир (инкоркунандагон)-анд.

Дар асри Расулуллоҳ (с) кофирону мушриконе буданд, ки аз рӯйи истеҳзо мегуфтанд: «Оё мо ҳалок шавем, ҷасадҳои мо билкул несту нобуд шаванд, чунон хок гарданд, ки хоки моро аз хоки оддӣ фарқ карда нашавад, боз ҳам аз нав зинда карда мешавем?!» Ин суханҳоро дар ҳар давру замон касоне мегӯянд, ки онҳо аҳволи рӯзи Қиёмат ва аз нав зинда шуданро инкор доранд. Аз ин истеҳзояшон бадтар одати кофирон он аст, ки онҳо дар рӯзи Қиёмат бо Ӯ таъоло рӯ ба рӯ шуданро инкор доранд. Ояти зер ба саволи чунин кофирони инкоркунандаи баъс (зинда гардонидан баъд аз миронидан) посух буда, дар он Худованд ба Пайғамбари худ (с) чунин дастур додааст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Саҷда «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Саҷда Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Саҷда Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)