Тафсири Сураи Сачда Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Саҷда Ояти 30
فَاَعۡرِضۡ عَنۡهُمۡ وَانْتَظِرۡ اِنَّهُمۡ مُّنۡتَظِرُوۡنَ ٣٠
Фа аъриЗ ъанҳум вантазир иннаҳум-м мунтазирун. 30.
30. Пас, аз (такзиби) онҳо рӯ бигардон ва интизор бош, ҳаройина, онҳо низ интизоранд.
Худованд дар охирин ояти ин сура бо як таҳдид суханро поён дода гуфтааст, ки эй Поёмбар (с), ба онҳое, ки аз рӯйи ҳимоқат туро дуруғгӯй меҳисобанд, ба ғайри он миқдоре, ки маъмур ҳастӣ, сухан магӯй, аз онҳо рӯйи гардон бош ва ба онҳо посух мадеҳ. Ту (с) мунтазири рӯзи фатҳ (раҳмати Худо) бош, зеро онҳо низ интизорӣ мекашанд, ки ту кай аз назди онҳо бо шикаст рӯбарӯ шуда нест мешавӣ ва онҳо аз дасти ту халос мешаванду дигар чунин суханҳое, ки ту ба онҳо мегӯӣ, намешунаванд. Ёдовар мешавем, ки нузули ояти мазкур пеш аз нузули ояти ҷиҳод будааст. Бо ривояти Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (р) аз Ҷобир (р) омадааст, ки Пайғамбар (с) то ҳар бегоҳ сураи «Саҷда» ва сураи «Таборак»-ро намехонданд, дар хоб намешуданд.
Поёни сураи «Саҷда» ва лиллаҳи-л-ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Саҷда «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «