Сураи Аҳзоб – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб дар Мадина нозил шуда, дорои 73 оят аст.

Ин сура барои он сураи «Аҳзоб» (гурӯҳҳо) номида шуд, ки он дарбаргирандаи ҳодисаи Хандақ ва ҳуҷуми ҳизбҳо ва тоифаи мушрикон барои нест кардани мусалмонҳо дар Мадина аст. Барои дафъи ҳуҷуми душманҳо мусалмонон бо пешниҳодӣ Салмон (р), атрофи Мадинаро хандақ кофтанд. Меҳвари асосии ин сура таъини роҳу расми зиндагӣ ва баёни одоб ва ахлоқи ҷомеъаи исломист. Дар сураи мазкур барои Расуллоҳ (с) ва ҳама муъминон, роҳнамудҳои лозимӣ пешниҳод шуда аст. Ворисони Расуллоҳ (с) ба ғайр аз он чи, ки хос ба ӯ (с) аст, бояд ин дастуротро ба кор баранд ва мадди назари худ Қарор диҳанд. Қобили мулоҳиза аст, ки дар ин сура нидои «Ё айюҳа-н-набӣ» ва «Ё айюҳа-л-лазӣна оману» бо такрор, пайиҳам омадааст. Оятҳои ин сура ҷомеъаро аз бозмондаҳои давраи ҷоҳилӣ, хурофот ва афсонаҳо пок менамояд. Дар мавзӯъи ҳукмҳои шариъатӣ ҳукми баъзе масъалаҳои шаръӣ аз Қабили зиҳор, писархондагӣ, мерос, хонадоршавӣ бо зани талоқдодаи писархонд, адади ҳамсарони поки Расулуллоҳ (с) ва ҳикмати он, ҳукми ҳиҷоб ва ғайра баён шудаанд.

Дар мавзӯъи ғазваҳои «Аҳзоб» ва «Бани Қурайза» ба тафсил сухан рафтааст. Моҳияти нифоқ ва сирҳои ниҳонии мунофиқонро ошкор намуда мусулмононро аз найранг, ҳила ва вайронкории онҳо бохабар менамояд. Дар сура инчунин аз неъматҳои бузурги Худованд барои дафъи душманон ёдоварӣ шудааст. Худованд бодро ба унвони яке аз неъматҳояш ёдовар мешавад, ки бо он муъҷизаи дурахшон бадии душманони исломро дафъ кард ва муъминонро аз офати ҷанг нигоҳ дошт. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Саҷда Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)