Сураи Саҷда Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сачда Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Саҷда Ояти 29

قُلۡ يَوۡمَ الۡفَتۡحِ لَا يَنۡفَعُ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡۤا اِيۡمَانُهُمۡ وَلَا هُمۡ يُنۡظَرُوۡنَ ٢٩

Қул явма-л-фатҳи ла янфаъу-л лазӣна кафару ӣмануҳум ва ла ҳум юнзарун. 29.

29. Бигӯ: «Рӯзи фатҳ имон овардани кофирон онҳоро суд надиҳад ва на онҳо муҳлат дода шаванд».

Худованд бе фосила ба онҳо дар ин оят посух гуфта, ба Пайғамбар (с) дастур дод, ки ба онҳо бигӯ, ки омадани рӯзи фатҳ аниқ аст. Аммо кофирон дар он рӯз имон оранд ҳам, барои онҳо ҳеҷ фоидае нест. Агар хоҳанд, ки ба онҳо муҳлат дода шавад, то ин ки тавба кунанд, ба онҳо мӯҳлат ҳам дода намешавад. Агар фикрашон ин бошад, ки рост будани ваъдаҳои илоҳиеро, ки аз Пайғамбари Ислом (с) шуниданд, бубинанду баъд бовар кунанду имон оранд, он рӯз дигар дер мешавад. Имон ҳам биёранд, ҳеҷ фоидае барои онҳо нест.

Хулоса, ба он чи дар бораи аҳли куфр дар Қуръон ҷой дода шудааст бояд бовар кунанд. На ин ки ришханд зананд!


Рӯйхати оятҳои Сураи Саҷда «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Саҷда Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Саҷда Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)