Салавоти Худо бар вай бод,
То ба рӯзи ҷазо паёпай бод.
БАЁНИ МАЪНО
Салавот, яъне дурудҳои Аллоҳ ва фариштагонаш ва бандагони аҳли имонаш то рӯзи қиёмат шомили ҳоли Муҳаммад (с) аст.
БАЁНИ ДАЛЕЛҲО
Агар пурсанд, ки бо кадом далел мегӯед, ки дурудҳои Аллоҳ ва фариштагонаш ва бандагони аҳли имонаш то рӯзи қиёмат шомили ҳоли Муҳаммад (с) аст?
Ҷавоб мегӯем, ки аз чанд ҷиҳат чунин аст:
1- Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло дар Қуръони маҷид бар Муҳаммад (с) дуруд фиристодааст ва аз дуруд фиристодани фариштагонаш хабар додааст ва бандагони бо имонашро дастури дуруд фиристоданро додааст. Пас то замоне Қуръони карим дар рӯи замин хонда мешавад ва то замоне фариштагон ва бандагони бо имон вуҷуд доранд, бар вай бардавом дуруд мефиристанд. Чуноне Аллоҳ таоло мефармояд:
{إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا} (الأحزاب: 56)
“Ҳамоно Аллоҳ ва фариштагони Ӯ, бар Пайғамбар салавот мефиристанд, эй касоне, ки имон доред, бар вай дуруди шоиста бифристед ва салом бидиҳед!”
Бинобар муқтазои ин ояти карима дуруд фиристодан бар Муҳаммад (с) воҷиб аст ва ҳукми дуруд бар ӯ ҳар боре номашро гирифта ё шунида шавад, суннат аст.
2- Ҳар боре овози азон шунида мешавад мусулмонони огоҳ аз динашон бар Муҳаммад (с) дуруд мефиристанд ва барояш “васила” , яъне мақоми шафоъати аълоро талаб мекунанд ва фардои қиёмат аз шафоъаташ баҳравар мешаванд. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
“عَنْ عَبْدِ اللهِ بْنِ عَمْرِو بْنِ الْعَاصِ قال : قال رسول الله صلى الله عليه و سلم: «إِذَا سَمِعْتُمُ الْمُؤَذِّنَ، فَقُولُوا مِثْلَ مَا يَقُولُ ثُمَّ صَلُّوا عَلَيَّ، فَإِنَّهُ مَنْ صَلَّى عَلَيَّ صَلَاةً صَلَّى الله عَلَيْهِ بِهَا عَشْرًا، ثُمَّ سَلُوا اللهَ لِيَ الْوَسِيلَةَ، فَإِنَّهَا مَنْزِلَةٌ فِي الْجَنَّةِ، لَا تَنْبَغِي إِلَّا لِعَبْدٍ مِنْ عِبَادِ اللهِ، وَأَرْجُو أَنْ أَكُونَ أَنَا هُوَ،فَمَنْ سَأَلَ لِي الْوَسِيلَةَ حَلَّتْ لَهُ الشَّفَاعَةُ»” (كذا في صحيح مسلم -1/ 288/ 11 – 384)
“Ҳангоме садои азони муаззинро шунидед, ончиро мегӯяд монанди онро бигӯед ва баъд аз он бар ман салавот бифиристед. Ҳамоно касе бар ман як бор дуруд бифристад, Аллоҳ таоло бар вай даҳ маротиб салавот мефиристад. Сипас барои ман аз Аллоҳ таоло василаро талаб намоед. Ҳамоно васила мақомест дар чаннат, ки танҳо як бандае аз бандагони Аллоҳ сазовори он аст ва ман умедворам, ки он банда ман бошам. Пас касе барои ман василаро талаб намояд, шафоъатамро сазовор мешавад”.
3-Пайғамбар (с) ба мо дуруд фиристоданро таълим додааст ва то замоне мусулмони пайрав аз суннаташ ва собитони бар динаш дар олам вуҷуд доранд, он дурудеро, ки таълим додааст такрор мекунанд. Лафзи дуруди таълим додааш дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” чунин аст:
“عن كَعْبُ بْنُ عُجْرَةَ قال: قال رسول الله صلى الله عليه و سلم:“اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ، كَمَا صَلَّيْتَ عَلَى إِبْرَاهِيمَ،وَعَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ، إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيدٌ، اللَّهُمَّ بَارِكْ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ،كَمَا بَارَكْتَ عَلَى إِبْرَاهِيمَ، وَعَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيدٌ”.(كذا وفي صحيح البخاري 4/ 146:)
“Ё Аллоҳ! Бар Муҳаммад ва оли Муҳаммад дуруд бифрист, ҳамчуноне бар Иброҳим ва оли Иброҳим дуруд фиристодаӣ” Ҳамоно Ту сазовори ҳамду бузургворӣ! “Ё Аллоҳ! Бар Муҳаммад ва оли Муҳаммад баракат бифрист, ҳамчуноне бар Иброҳим ва оли Иброҳим баракат фиристодаӣ! Ҳамоно Ту сазовори ситоиш ва бузургвори!
4-Пайғамбар (с) дар ривояти “Сунани Абудовуд” бо санади саҳеҳ ба мо дастур додааст, ки дар намозҳоямон барояш дуруд бифиристем. Пас то замоне як мусулмони намозхон ҳам дар олам вуҷуд дорад бар вай дар намозаш дуруд мефиристад. Лафзи ривояти мазкур чунин аст:
“عن فَضَالَةَ بْنَ عُبَيْدٍ، قال: قال رسول الله صلى الله عليه و سلم: – «إِذَا صَلَّى أَحَدُكُمْ، فَلْيَبْدَأْ بِتَمْجِيدِ رَبِّهِ جَلَّ وَعَزَّ، وَالثَّنَاءِ عَلَيْهِ، ثُمَّ يُصَلِّي عَلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، ثُمَّ يَدْعُو بَعْدُ بِمَا شَاءَ» (كذا في سنن أبي داود -2/ 77/ 1481 -وحكم المحقق : صحيح).
“Ҳар вақто яке аз шумоён намоз гузорид, пас дар ибтидо Парвардигорашро ҳамду сано бигӯяд ва сипас бар Пайғамбар (с) дуруд бифристад ва баъди ин ончиро мехоҳад талаб бикунад”.
5- Мусулмон аз бахил будан ҳазар мекунад ва Пайғамбар (с) касонеро, ки номи вайро шуниданд ва дуруд нафиристодаанд бахил гуфтааст. Пас барои бахил набудан то замоне мусулмонон бар динашон собит мебошанд ба Пайғамбар (с) дуруд мефиристанд ва аз бахилӣ безор будани худро амалан нишон медиҳанд ва изофа бар ин аҷру савоб барои охирати худ касб мекунанд ва мушарраф ба шафоъаташ мешаванд. Лафзи ҳадис дар ривояти “Муснади Абуяъло” бо санади саҳеҳ чунин аст:
“عن عَبْدَ اللَّهِ بْنَ عَلِيِّ بْنِ حُسَيْنٍ يُحَدِّثُ، عَنْ أَبِيهِ، عَنْ جَدِّهِ، قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «إِنَّ الْبَخِيلَ مَنْ ذُكِرْتُ عِنْدَهُ فَلَمْ يُصَلِّ عَلَيَّ» (كذا في مسند أبي يعلى الموصلي -12/ 147/ 6776 – وحكم حسين سليم أسد : إسناده صحيح).
“Ҳамоно бахил касест, ки номи ман дар ҳузураш зикр мешавад ва бар ман дуруд намефиристад”.


