Сураи Шамс Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шамс Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шамс Ояти 15

وَلَا يَخَافُ عُقۡبٰهَا ١٥

Ва ла яхофу уқбаҳа. 15.

15. Ва Худо аз анҷоми ҳалоки онҳо наметарсад.

Подшоҳони рӯйи Заминӣ, сардорони давлат аз ҷазо додани ягон қавм, ё гурӯҳ дар таҳлука меафтанд, ки боиси исёну инқилоб ва нооромӣ дар давлат нагардад. Аммо Подшоҳи ҳамаи подшоҳон, Худованди Замину Осмон аз ҳеҷ кас бим надорад, зеро ҳукми Ӯро чуну чаро нест. Боди тундро амр кард ва ин қавмро аз бехубун нобуд сохт, ҳеҷ кас эътироз карда натавонист.

Хулоса, Аллоҳтаъоло инсонро барои кадом манзиле, яъне, ё барои Биҳишт ё Дӯзах халқ карда бошад, иҷрои амали онҳоро барояш осон ва муҳайё месозад. Худовандо, мо ва авлоди моро аз ин гурӯҳи мухолифин магардон. Дили моро ҳамеша бо нури Худ мунаввар гардон ва аз маноҳӣ (манъшудаҳо) нигоҳ дор. Омин!

То нафс мубарро зи маноҳӣ нашавад,

Дил ойинаи нури илоҳӣ нашавад.

Поёни сураи “Шамс”. Валиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Шамс «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шамс Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Лайл – Тафсири Осонбаён (Қуръон)