Раҷаби Мирзо

0

Раҷаби Мирзо
Зодрӯз: 10.08.1973
Зодгоҳ: ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Касб: рӯзноманигор
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 1 писар
Ҷоиза ва мукофот: «Журналисти сол – 2004»

Раҷаби Мирзо (Мараимов Раҷабалӣ Мирзоевич; 10-уми августи 1973, деҳаи Ангурбоғи ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб) — рӯзноманигори тоҷик, муассис ва сармуҳаррири рӯзномаи «Рӯзи нав».

Зиндагинома:
Раҷаби Мирзо 10 августи соли 1973 дар хоҷагии ба номи Ленин (ҳоло ба номи Рӯдакӣ)-и ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи рақами 7 ноҳияро бо медали нуқра хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатӣ:
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1997 баъди анҷоми таҳсил дар факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз нашрияи «Сурӯш» оғоз намуда, баъдан дар нашрияҳои «Восточный экспресс» (солҳои 1998-1999) ба сифати хабарнигор, «Ҷумҳурият» (солҳои 1999-2002, хабарнигор, мухбири махсус ва мудири шўъба), директори Маркази хабарии «Чархи гардун» (2002-2003), нашрияи «Нерўи сухан» (соли 2003, мудири шўъбаи итиллоот ва сиёсат) кор кардааст.

Муассиси ҳафтаномаи “Рӯзи нав” аст, ки каме бештар аз як сол, аз 7 августи соли 2003 то 25 августи соли 2004 ба нашр расид.

Баъди “Рӯзи нав” Раҷаби Мирзо муддате (солҳои 2008-2009) сармуҳаррири радиои “Имрӯз” ва соли 2010 сардабири рўзномаи ҳаррўзаи Тоҷикистони мустақил – «Имрӯз-news» буд. Ва ду соли дигар устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва ба донишҷӯёни факултаи журналистика дарси «Журналистикаи сиёсӣ» гуфт.

Моҳи октябри соли 2011 Маркази таҳқиқоти сотсиологии «Бозтоб» -ро таъсис дода, роҳбари он буд.


Рачаб Мирзо кист?, Рачаби Мирзо.

Мақолаи қаблӣШабнами Сурайё
Мақолаи баъдӣЗахми забон (ҳикоя)

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед