Шеър дар васфи Дуст. Шеърхо барои дустон

0

Шеър дар бораи Дуст. Дӯст шеърҳо / шеърхо барои дуст / рафик.


Дар сарам ҳаргиз набошад ҷуз ҳавои кӯйи Дӯст,
Эй хуш он дам, ки сарам бошад сари зонуйи Дӯст.

Боғбон кай сарв биншонад дигар дар бӯстон,
Гар ба тарфи боғ бинад қомати некуйи Дӯст?!

Кай манаҷҷим бохабар гардад, ки дар даври Замин,
Офтобу моҳ мегирад фурӯғ аз рӯйи Дӯст.

Куштани ушшоқро ҳоҷат ба фармон ҳеҷ нест,
Як ишорат бас бувад аз гуфтаи абрӯйи Дӯст

Мешавад кори ҷаҳоне ҳамчу кори ман пареш,
Чун парешон мекунад боди сабо абрӯйи Дӯст.

Бар сари ҳар киштае гар бигзарӣ, хоҳӣ шунид:
Офарину марҳабо бар қуввати бозуйи Дӯст!

Ҳар даме ғавғо шавад барпову ошубе дигар
Дар ҷаҳон, ё лалаҷаб, аз нагиси ҷодуйи Дӯст.

Бӯйи гул хубу латифу ҳам фараҳбахш аст, лек
Ҳарчи бошад, кай бувад беҳтар маро аз бӯйи Дӯст!

Ҳар касеро дил ба коре хуш бувад дар ин ҷаҳон,
Ҷуз дили ман к-ӯ ҳамебошад ба ҷустуҷӯйи Дӯст.

Гулшани олам нагирад Толеъӣ аз дил ғубор,
Аз ду олам чашм баргирад, барад бар сӯйи Дӯст.

Толеъӣ


ШЕЪРИ ТУ
(Дар зодрӯзи Исфандиёри Назар)

Маро шеъри ту дарёи Зарафшон мекунад, эй дӯст!
Раҳову саркашу лабрези исйон мекунад, эй дӯст!

Зимистони пур аз сармои Анзоби равонамро,
Баҳорони пур аз торону райҳон мекунад, эй дӯст!

Гаҳе чун офтоби Тоҷикистон мекунад, о ваҳ!
Гаҳе як пора абри пур зи борон мекунад, эй дӯст.

Ба гоҳи ноумедиҳо зи фардои ватан, шеърат
Марову сад- ҳазоронро парафшон мекунад, эй дӯст!

Кӣ мегӯяд, ки шеър афтод аз гуфтор, аз пайкор,
Каломат дору минбарро сарафшон мекунад, эй дӯст!

Зи хоки тира боло мекашад ҷамшедуравшанҳо,
Ғурури Кова рамзи Тоҷикистон мекунад, эй дӯст!

Азиз Сангин


Дӯст

Ҳар он чӣ Дӯст некӯ хонд, некӯст,
Ба наздаш монд, ё гар ронд, некӯст.

Маро ҷон медиҳад ё ҷон ситонад,
Агар он доду инро монд, некӯст.

Зи изҳори муҳаббат метавон мурд,
Сухан андар даҳан дармонд, некӯст.

Гул ар майли сухан гуфтан надорад,
Ба абрӯ қиссаро фаҳмонд, некӯст.

Агар дасти дуъо бардошт, омин,
Агар ӯ остин афшонд некӯст.

Ҳадисе бе сухан, бе хома, бе ҳарф,
Ба ғамза дар варақ ғунҷонд некӯст.

Сари ёрон фидои Дӯст, гар сар,
Ба маънии ризо ҷунбонд, некӯст.

Иззатманди Саломиён


Шеърхо дар васфи Дуст ва дусти

Рустами Ваҳҳоб – шеърҳо, байтҳо

Мақолаи қаблӣҚоидаҳои бехатарӣ то заминларза, вақти заминларзаву баъди он
Мақолаи баъдӣҚиссаи ҳазрати Нӯҳ (а) – паёмбар хазрати Нух (а)