Шиканандаҳои вузӯ / тахорат (бо далелҳо) – Шарҳи Чоркитоб

0

Шиканандахои вузу / таҳорат (бо далелхо) – Шархи Чоркитоб.


1-Тамоми ончи аз ду роҳ, яъне аз роҳи баромадани наҷосат ва роҳи баромади пешоб хориҷ бишавад таҳоратро мешиканад.

2-Тамоми ончи аз ғайри ду роҳи баромадани наҷосат ва пешоб хориҷ бишавад таҳоратро ба шарте мешиканад, ки мисли хӯну зардоби аз захми бадан хориҷшаванда дар ҳақиқат наҷис бошад ё ҳукми наҷосатро дошта бошад, мисли қай андаке, ки ба пури даҳон нест, вале ду бору се бор такрор шавад ва ҳукми пури даҳонро бигирад.

3-Валодати хушк, яъне таваллуди фарзанд бидуни хориҷ шудани хӯни нифос.

4-Қай кардани бисёр, яъне он миқдоре, ки даҳонашро пур бикунад ва манъ карданаш душвор бошад. Аммо қайи аз ин миқдор кам таҳоратро намешиканад, магар ки бидуни фосила ва пай дар пай такрор шавад.

5-Хуруҷи хӯн аз дохили даҳон ва ё аз даруни шикам аз тариқи даҳон ба шарте, ки оби даҳонро сурх бикунад.

6-Хоби гарон, ки онро уламои ҳанафӣ хоби такя зада, яъне хоби ба рӯи замин дароз кашида ё борашро ба девор ё мизи дигаре андохта вузӯро мешиканад, на хоби сабук, яъне пинак ва хоби дар ҳолати рукуъ ва суҷуд ва хоби нишастаи бар ҳеҷ чизе такя накарда бошад шиканандаи вузӯ нест.

7-Беҳуш шудан таҳоратро мешиканад.

8-Девона шудан шиканандаи таҳорат аст.

9-Арақ нушидану маст шудан шиканандаи таҳорат аст.

10-Қаҳ-қаҳа, яъне ба овози баланд дар аснои намоз хандидан дар ғайри намози ҷаноза шиканандаи вузӯ аст.


Далелҳои шиканандаҳои вузӯ

1-Далели шиканандаи вузӯ будани ончи аз роҳи наҷосат ва роҳи хуруҷи пешоб хориҷ мешавад. Дар ин мавзӯъ дар ояти 43 сураи “Нисо” Аллоҳ таоло аз ҷумлаи умури воҷибкунандаи таямумро дар ҳолати набудани об, қазои ҳоҷатро гуфтааст:

{أَوْ جَاءَ أَحَدٌ مِنْكُمْ مِنَ الْغَائِطِ } )النساء: 43(

 “Ё яке аз шумо аз қазои ҳоҷат омад….”.

Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Ҳуммом ибни Ҳорис чунин ривоят кардааст:

“عَنْ هَمَّامِ بْنِ الحَارِثِ، قَالَ: رَأَيْتُ جَرِيرَ بْنَ عَبْدِ اللَّهِ «بَالَ، ثُمَّ تَوَضَّأَ وَمَسَحَ عَلَى خُفَّيْهِ، ثُمَّ قَامَ فَصَلَّى» فَسُئِلَ، فَقَالَ: «رَأَيْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ صَنَعَ مِثْلَ هَذَا» (كذا في صحيح البخاري -1/ 87/ 387 )

“Ҷарир ибни Абдуллоҳро дидам, ки пешоб кард ва баъди он ба вузӯ кардан оғоз кард ва бар мӯзаҳояш масҳ бикашид ва намоз бигузорид. Ҳангоме вайро савол карданд, ки чаро бар мӯзаҳояш масҳ бикашид? Гуфт: Пайғамбар (с)-ро дида будам, ки чунин карда буд”.

2-Далели шиканандаи вузӯ  будани ончи аз ғайри роҳи наҷосат ва пешоб хориҷ мешавад. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Сунани Тирмизӣ” бо санади саҳеҳ чунин омадааст:

 “أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَاءَ، فَتَوَضَّأَ»،(كذا في سنن الترمذي ت شاكر – 1 / 142/ 87 – عَنْ أَبِي الدَّرْدَاءِ: وحكم المحقق: صحيح).

“Пайғамбар (с) қай кард, пас аз он таҳорат кард”.

Дар ҳадиси мурсали саҳеҳ ба ривояти “Сунани Доруқутнӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«إِذَا قَاءَ أَحَدُكُمْ أَوْ قَلَسَ أَوْ وَجَدَ مَذْيًا وَهُوَ فِي الصَّلَاةِ فَلْيَنْصَرِفْ فَلْيَتَوَضَّأْ وَلِيَرْجِعْ فَلْيَبْنِ عَلَى صَلَاتِهِ مَا لَمْ يَتَكَلَّمْ».(رواه الدارقطني  كما في سنن الدارقطني 1 / 283/ 572 “عَنِ ابْنِ جُرَيْجٍ,عَنْ أَبِيهِ ,قَالَ:قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ.وقَال الدارقطني :قَالَ لَنَا أَبُو بَكْرٍ: سَمِعْتُ مُحَمَّدَ بْنَ يَحْيَى يَقُولُ: هَذَا هُوَ الصَّحِيحُ عَنِ ابْنِ جُرَيْجِ وَهُوَ مُرْسَلٌ. وفي التلخيص الحبير ط العلمية -1/ 654- وَصَحَّحَ هَذِهِ الطَّرِيقَ الْمُرْسَلَةَ مُحَمَّدُ بْنُ يَحْيَى الذُّهْلِيُّ وَالدَّارَقُطْنِيّ فِي الْعِلَلِ وَأَبُو حَاتِمٍ)

“Ҳар вақто яке аз шумоён дар аснои намоз хонданаш қай ё монади қай чизе хориҷ бикунад ё хуруҷи мазиро бубинад, пас бояд аз саф хориҷ шавад ва вузӯ бикунад ва бар намозаш идома бидиҳад, ба шарте гап назада бошад”.  Дар ҳадиси мавқуфи саҳеҳ саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Умар разияллоҳу анҳу чунин гуфтааст:

“إِذَا رَعَفَ الرَّجُلُ فِي الصَّلَاةِ، أَوْ ذَرَعَهُ الْقَيْءُ، أَوْ وَجَدَ مَذِيًّا فَإِنَّهُ يَنْصَرِفُ وَيَتَوَضَّأُ، ثُمَّ يَرْجِعُ فَيُتِمُّ مَا بَقِيَ عَلَى مَا مَضَى،مَا لَمْ يَتَكَلَّمْ» (رواه مصنف عبد الرزاق الصنعاني -2/ 339/ 3609 – عَنْ مَعْمَرٍ،عَنِ الزُّهْرِيِّ،عَنْ سَالِمٍ،عَنِ ابْنِ عُمَرَ  …واسناده صحيح). 

“Дар аснои намоз агар аз бинии касе хӯн биравад ё қай бикунад ва ё мазиро бубинад, пас бояд биравад ва вузӯ бигирад ва бақияи намозашро бигузорад, агар гап назада бошад”.

Дар дигар ҳадиси мавқуфи бо санади ҳасан ҳазрати Алӣ разияллоҳу анҳу чунин гуфтааст:

«إِذَا وَجَدَ أَحَدٌ رِزًّا أَوْ رُعَافًا أَوْ قَيْئًا فَلْيَنْصَرِفْ وَلْيَضَعْ يَدَهُ عَلَى أَنْفِهِ،فَلْيَتَوَضَّأْ، فَإِنْ تَكَلَّمَ اسْتَقْبَلَ وَإِلَّا اعْتَدَّ بِمَا مَضَى»(كذا في مصنف عبد الرزاق الصنعاني-2/ 338-3606 –عَنْ عَلِيٍّ .وقال الحافظ في التلخيص الحبير- 1 / 655 -وَرَوَاهُ عَبْدُ الرَّزَّاقِ فِي مُصَنَّفِهِ مَوْقُوفًا عَلَى عَلِيٍّ وَإِسْنَادُهُ حَسَنٌ).

“Аз касе аз шумо замоне бод барояд ё хӯн аз бинияш ҷорӣ шавад ва ё қай бикунад, бояд дасташро ба даҳонаш бигузорад ва вузӯ бикунад. Пас агар дар ин асно гап зада бошад намозашро аз ибтидо оғоз мекунад, вале агар гап назада бошад бақияи намозашро ба итмом мерасонад”.

Дар ин мавзӯъ Имом Тирмизӣ чунин гуфтааст:

“قال الترمذي:وَقَدْ رَأَى غَيْرُ وَاحِدٍ مِنْ أَهْلِ العِلْمِ مِنْ أَصْحَابِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَغَيْرِهِمْ مِنَ التَّابِعِينَ:الوُضُوءَ مِنَ القَيْءِ وَالرُّعَافِ، وَهُوَ قَوْلُ سُفْيَانَ الثَّوْرِيِّ،وَابْنِ المُبَارَكِ،وَأَحْمَدَ،وَإِسْحَاقَ وقَالَ بَعْضُ أَهْلِ العِلْمِ:لَيْسَ فِي القَيْءِ وَالرُّعَافِ وُضُوءٌ،وَهُوَ قَوْلُ مَالِكٍ، وَالشَّافِعِيِّ”.(كذا في سنن الترمذي ت شاكر – 1 / 142/ 87″. وفي الاستذكار – 1 / 229- وروي مثل ذلك عن علي وبن مَسْعُودٍ وَعَلْقَمَةَ وَالْأَسْوَدِ وَعَامِرٍ الشَّعْبِيِّ وَعُرْوَةَ بْنِ الزُّبَيْرِ وَإِبْرَاهِيمَ النَّخَعِيِّ وَالْحَكَمِ بْنِ عُتَيْبَةَ وَحَمَّادِ بْنِ أَبِي سُلَيْمَانَ كُلُّهُمْ يَرَى الرُّعَافَ وَكُلَّ دَمٍ سَائِلٍ مِنَ الْجَسَدِ حَدَثًا يُوجِبُ الْوُضُوءَ لِلصَّلَاةِ وَبِذَلِكَ قَالَ أَبُو حَنِيفَةَ وَأَصْحَابُهُ وَالثَّوْرِيُّ وَالْحَسَنُ بْنُ حَيٍّ وَعُبَيْدُ اللَّهِ بْنُ الْحَسَنِ وَالْأَوْزَاعِيُّ وَأَحْمَدُ بْنُ حَنْبَلٍ وَإِسْحَاقُ بْنُ رَاهْوَيْهِ فِي الرُّعَافِ وَالْفَصَادَةِ وَالْحِجَامَةِ وَكُلِّ نَجِسٍ خَارِجٍ مِنَ الْجَسَدِ يَرَوْنَهُ حَدَثًا يَنْقُضُ الطَّهَارَةَ وَيُوجِبُهَا عَلَى مَنْ أَرَادَ الصَّلَاةَ)

“Назари на як нафари уламои асҳоб ва тобеъин аст, ки аз қай кардан ва аз хӯни бинӣ вузӯ воҷиб мешавад. Ин назарро имомон Суфёни Саврӣ, Ибни Муборак, Аҳмад ибни Ҳанбал, Исҳоқи Раҳовия ихтиёр кардаанд. Баъзе аҳли илм бар ин назаранд, ки дар қай кардан ва хӯни бинӣ вузӯ воҷиб намешавад ва ин назарро имомон Молик ва Шофеъӣ ихтиёр кардаанд”.

3-Далели шиканандаи таҳорат будани хоби сангин ривояти Имом Байҳақӣ бо санади ҳасан аст, ки дар он Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

“الْعَيْنُ وِكَاءُ السَّهِ، فَإِذَا نَامَتِ الْعَيْنُ اسْتَطْلَقَ الْوِكَاءُ “.(رواه البيهقي كما في السنن الكبرى للبيهقي -1/ 191/ 579 – واسناده حسن كما في  صحيح الجامع الصغير – 2 / 761)

“Чашм даҳанбанди мақъади инсон аст ва чун чашмон хоб бираванд даҳанбанди он боз мешавад”.

Дар дигар ҳадиси саҳеҳ ба ривояти “Сунани Куброи Байҳақӣ”  Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

“إِنَّمَا الْعَيْنُ وِكَاءُ السَّهِ فَمَنْ نَامَ فَلْيَتَوَضَّأْ “(رواه البيهقي كما في السنن الكبرى للبيهقي -1/ 190) 578 – عَنْ عَلِيِّ بْنِ أَبِي طَالِبٍ، رَضِيَ اللهُ عَنْهُ، عَنْ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ واسناده صحيح كما في صحيح الجامع الصغير – 2 / 761)

“Ҷуз ин нест, ки чашм даҳанбанди мақъади инсон аст, пас ҳар касе хоб рафт бояд вузӯ бикунад”.

4-Далели шиканандаи таҳорат набудани пинак, яъне ҳоби сабук ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” аст, ки дар он чунин омадааст:

“أَنَّ النَّبِيَّ  صلّى الله عليه وسلم نَامَ حَتَّى نَفَخَ، ثُمَّ صَلَّى-وَرُبَّمَا قَالَ: اضْطَجَعَ حَتَّى نَفَخَ، ثُمَّ قَامَ فَصَلَّى”.(كذا في صحيح البخاري 1/ 39/ 138 عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ)

“Пайғамбар (с) хоби ба паҳлу  рафтаанд, ҳатто садои нафас кашиданашро шунида мешуд ва (баъди ин бидуни вузӯ кардан) бархест ва намоз гузорид”. Дар ривояти “Сунани Абудовуд” бо санади саҳеҳ чунин омадааст:

“كَانَ أَصْحَابُ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَنْتَظِرُونَ الْعِشَاءَ الْآخِرَةَ حَتَّى تَخْفِقَ رُءُوسُهُمْ،ثُمَّ يُصَلُّونَ وَلَا يَتَوَضَّئُونَ» (رواه ابو داود في سننه-1/ 51- 200 – عَنْ أَنَسٍ وحكم المحقق: صحيح).

“Саҳобагони Пайғамбар (с) дар интизории гузоридани намози хуфтан ончунон бисёр менишастанд, ки аз таъсири хоб сарҳояшон боло ва паст мешуданд ва бо чунин ҳол намоз мехонданд ва таҳорат намекарданд”.

5- Далели шиканадаи таҳорат будани қаҳ-қаҳа, яъне хандаи ба овози баланд ҳадисест, ки ба ривояти “Алкомил” таълифи Ибни Адӣ бо санади аз дидгоҳи аксари уламо заъиф, вале аз дидгоҳи баъзе уламои ҳанафӣ салоҳияти ҳуҷҷат қарор гирифтанро дорад мебошад. Дар ин ҳадис чунин омадааст:

“عَنْ ابْنِ عُمَرَ قَالَ:قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: “مَنْ ضَحِكَ فِي الصَّلَاةِ  قَهْقَهَةً  فَلْيُعِدْ الْوُضُوءَ وَالصَّلَاةَ”. (وفي نصب الراية -1/ 48-وَأَمَّا حَدِيثُ ابْنِ عُمَرَ، فَرَوَاهُ ابْنُ عَدِيٍّ فِي الْكَامِلِ مِنْ حَدِيثِ بَقِيَّةَ ثَنَا أَبِي ثَنَا عمرو بن قيس السكوني عَنْ عَطَاءٍ ….. قَالَ ابْنُ الْجَوْزِيِّ فِي الْعِلَل الْمُتَنَاهِيَةِ: هَذَا حَدِيثٌ لَا يَصِحُّ، فَإِنَّ بَقِيَّةَ مِنْ عَادَتِهِ التَّدْلِيسُ، وَكَأَنَّهُ سَمِعَهُ مِنْ بَعْضِ الضُّعَفَاءِ، فَحَذَفَ اسْمَهُ، وَهَذَا فِيهِ نَظَرٌ، لِأَنَّ بَقِيَّةَ صَرَّحَ فِيهِ بِالتَّحْدِيثِ، وَالْمُدَلِّسُ إذَا صَرَّحَ بِالتَّحْدِيثِ – وَكَانَ صَدُوقًا – زَالَتْ تُهْمَةُ التَّدْلِيسِ، وَبَقِيَّةُ مِنْ هَذَا الْقَبِيلِ، قَالَ ابْنُ عَدِيٍّ: وَبَعْضُهُمْ يَقُولُ فِيهِ عُمَرُ بْنُ قَيْسٍ، وَإِنَّمَا هُوَ عَمْرٌو انْتَهَى).

“Касе дар намоз ба овози баланд ханда бикунад, бояд таҳораташро аз сар бигирад  ва намозашро аз сар бихонад”.

Мақолаи қаблӣМасҳи гардан (дар таҳорат / шарҳи Чоркитоб)
Мақолаи баъдӣҲафт чизе, ки таҳоратро намешикананд