Хафт чизе, ки тахоратро намешикананд.
1- Хӯне, ки аз захм зоҳир шавад, вале аз маҳали худ таҷовуз накунад.
2- Гуштпорае аз захму ҷароҳат бидуни ҷорӣ шудани хӯн бияфтад.
3-Аз захми бадан ё гӯш ва ё бинӣ кирм хориҷ бишавад.
4-Қайи андак, яъне он қадаре бошад ки монеъи гап задан нашавад.
5-Балғам қай кардан, гарчанде бисёр бошад.
6-Даст расонидан ба олати таносулии мард.
7-Даст расонидан ба олати таносулии зан.
Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Сунани Абудовуд” бо санади саҳеҳ саҳобии бузургвор Талқ ибни Алӣ разияллоҳу анҳу чунин ривоят кардааст:
“قَدِمْنَا عَلَى نَبِيِّ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَجَاءَ رَجُلٌ كَأَنَّهُ بَدَوِيٌّ،فَقَالَ:يَا نَبِيَّ اللَّهِ، مَا تَرَى فِي مَسِّ الرَّجُلِ ذَكَرَهُ بَعْدَ مَا يَتَوَضَّأُ ؟ فَقَالَ:«هَلْ هُوَ إِلَّا مُضْغَةٌ مِنْهُ»،(كذا في سنن أبي داود -1/ 46/ 182 – عن طلق بن علي وحكم المحقق: صحيح).
“Назди Пайғамбар (с) рафта будем, ки дар ин асно марде шабиҳи аъробӣ омад ва гуфт: Эй Пайғамбар (с)! Дар масъалаи ба даст гирифтани мард олати таносули худашро баъди вузӯ карданаш, чӣ дастур медиҳӣ? Пайғамбар (с) гуфт: Он гӯштпорае аз бадани туст”.
Танбиҳ
Дар ривояти “Саҳеҳи Ибни Ҳиббон” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
«مَنْ مَسَّ ذَكَرَهُ، فَلْيَتَوَضَّأْ وُضُوءَهُ لِلصَّلَاةِ». (كذا في صحيح ابن حبان – مخرجا -3/ 400/ 1116– عَنْ بُسْرَةَ وحكم المحقق: صحيح).
“Касе олати таносулиашро ба даст бигирад, пас бояд он вузӯеро ки барои намозаш анҷом медод, анҷом бидиҳад”.
Бинобар муқтазои ин ҳадиси саҳеҳ аз дидгоҳи ҷумҳури уламо яъне моликиҳо, шофеъиҳо ва дар як ривоят ҳанбалиҳо даст расонидан ба олати таносулӣ таҳоратро мешиканад ва баъзе уламои ҳанафӣ низ таҳорат карданро аз даст расонидан ба олат мустаҳаб гуфтаанд. Ба таври мисол Мавлоно Абдулҳай дар “Таълиқи мумаҷҷад” чунин гуфтаст:
” أي لا يجب، نعم يُستحب اعتباراً لموضع الخلاف. (كذا في التعليق الممجد على موطأ محمد – 1 / 200)
“Вузӯ кардан аз даст расонидан ба олат воҷиб нест, валекин аз ҷиҳати муроъоти хилоф мустаҳаб аст”.
Муроъоти хилоф, яъне барои дуруст ё нодуруст будани вузӯаш мавриди ихтилофи уламо қарор нагирад вузӯ кардан барояш мустаҳаб аст.


