Тафсири Сураи Шуъаро Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Шуъаро Ояти 23
قَالَ فِرۡعَوۡنُ وَمَا رَبُّ الۡعٰلَمِيۡنَؕ ٢٣
Қола Фиръавну ва ма Раббу-л ъаламӣн. 23.
23. Фиръавн гуфт: «Парвардигори оламиён кист?».
Вақто Фиръавн дид, ки Мӯсо (а) қотеъона бо сухан бо ӯ бархӯрд мекунад, дар посух дармонду аз мавзӯъ берун рафт ва раванди сухани худро дигар карду ба Мӯсо (а) гуфт, ки ай Мӯсо, ту чиҳо мегӯӣ? Ман ба ҷуз худ барои оламиён парвардигореро намешиносам. Ба пиндори шумо ҳоло Парвардигори шумо чӣ кас аст? Ояти зер мунозираи Мӯсо (а)-ро бо Фиръавн идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Шуъаро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «