Тафсири Сураи Шуъаро Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Шуъаро Ояти 22
وَتِلۡكَ نِعۡمَةٌ تَمُنُّهَا عَلَىَّ اَنۡ عَبَّدْتَّ بَنِىۡۤ اِسۡرَآءِيۡلَ ٢٢
Ва тилка ниъматун тамуннуҳа ъалайя ан ъаббатта бани Исроӣл. 22.
22. Ва оё ин он қадар неъматест, ки бар ман миннат мениҳӣ? (Ва ҳол он ки ҳама) бани Исроил (қабилаи ман)-ро банда гирифтаӣ?».
Чун Фиръавн ба Мӯсо (а) дар се масъала эрод гирифт, Мӯсо (а) дар посух ба ӯ гуфт, ки он кореро, ки ту мегӯӣ, ман дар ҳоле анҷом додаам (қибтиро зарба задам ва ӯ ҳалок шуд), ки аз боргоҳи Парвардигор илму донише ба ман нарасида буд. Дар он ҳол ман аз ҷумлаи бехабарон будам. Баъди он ки чунин ҳодиса ба вуқӯъ пайваст, аз уқубати шумо тарсидам, ба сӯйи шаҳри Мадян по ба фирор гузоштам. Дар он ҷо Худованд ҷаҳлу нодониро аз ман дур сохт, ба ман илму дониш ато фармуд ва маро аз ҷумлаи расулони Худ қарор дод ва фаҳми Тавротро, ки сухану ҳукми Худованд аст, ба ман арзонӣ дошт.
Сипас, Мӯсо (а) ба Фиръавн бо лаҳни шадид гуфт, ки андеша кун, ба худат маълум аст, ки қавми ман (бани Исроил)-ро то ҳол ба асорату бардагӣ кашидаӣ. Ин қасрҳое, ки ҳоло ту дорӣ ва дар онҳо зиндагӣ мекунӣ, бо меҳнати қавми ман сохта шудаанд. Дар замоне ки ман ба дунё омадам, ҳама писарони бани Исроилро, ки дар баробари ман ба дунё омаданд, ба қатл мерасонидӣ. Модари бечораам, ночор аз рӯйи тарс маро бо амри Парвардигор ба дарёи Нил партоб кард. Ту маро дар овони хурд буданам парвариш додаӣ, оё ин амал он қадар кори бузургест, ки дар муқобили ин қадар ҷинояте, ки ба қавми ман расонидӣ ба ман миннат кунӣ? Агар ту зулм намекардӣ ва кӯдакони бани Исроилро намекуштӣ, асло модарам ниёзе надошт, ки аз тарси ту барин инсони золим маро дар рӯдхона бияндозаду ту маро гирию имрӯз маро ин қадар миннатборон кунӣ!
Чуноне ки аз оятҳои зер маълум мешавад, дар ин асно Фиръавн Мӯсо (а)-ро туҳмат ба ҷунунӣ (девонагӣ) кард ва таҳдид ҳам карда…
Рӯйхати оятҳои Сураи Шуъаро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «