Тафсири Сураи Шуъаро Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Шуъаро Ояти 4
اِنۡ نَّشَاۡ نُنَزِّلۡ عَلَيۡهِمۡ مِّنَ السَّمَآءِ اٰيَةً فَظَلَّتۡ اَعۡنَاقُهُمۡ لَهَا خٰضِعِيۡنَ ٤
Ин-н-нашаъ нуназзил ъалайҳим-м мина-с-самаи аятан фа заллат аънақуҳум лаҳа хоЗиъӣн. 4.
4. Агар хоҳем барои онҳо аз Осмон нишонае фуруд меоварем, пас, гарданҳои онҳо пеши он фурӯтанона ниёишкунанда шаванд.
Худованд дар ин оят Расули Худ (с)-ро хитоб карда гуфт, ки ҳоло онҳо, агар туро қабул накунанд, нороҳат машав, ин хости Мост. Агар Мо бихоҳем ва барои имон овардани онҳо ирода кунем, бар ҳар кор қодирем, метавонем аз осмон муъҷизаи моддие барои онҳо фиристем, ки бо дидани муъҷиза онҳо маҷбуран бо гардани паст, бо дуъову ниёиш бо сари таъзим имон оварда таслим мешаванд. Локин Мо ин намуд имон овардани онҳоро нахостем, бояд онҳо ихтиёран имон оварад. Зеро имони маҷбурӣ назди Худованд мақбул нест. Баъзе аз муфассирон гуфтаанд, агар дар он асно барои дархости мушрикон муъҷизае пайдо мешуд, минтақавию маҳдуд мебуд, таъсири он ба ҳар гӯшаву канори дунё мумкин чандон намерасид. Дар ивази он Худованд, чунон муъҷизаи бузург (Қуръони карим)-ро нозил фармуд, ки аз замони нузул то ба охир дар ҳама гӯшаву канори дунё бе маҳдудият таъсири худро мерасонад. Бинобар ин, Расулаллоҳ (с) барои он ки мушрикони Макка имон намеоранд, набояд аз ғаму андӯҳ худро ба ҳалокат расонад. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Шуъаро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «