Тафсири Сураи Шуро Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Шӯро Ояти 44
وَمَنۡ يُّضۡلِلِ اللّٰهُ فَمَا لَهٗ مِنۡ وَّلِىٍّ مِّنۡۢ بَعۡدِهٖ ؕ وَتَرَى الظّٰلِمِيۡنَ لَمَّا رَاَوُا الۡعَذَابَ يَقُوۡلُوۡنَ هَلۡ اِلٰى مَرَدٍّ مِّنۡ سَبِيۡلٍۚ ٤٤
Ва ма-й юЗлилиллоҳу фа ма лаҳу ми-в валиййи-м мин баъдиҳ. Ва тара-з-золимӣна ламма рааву-л-ъазаба яуулуна ҳал ила марадди-м мин сабӣл. 44.
44. Ва ҳар киро Аллоҳ гумроҳ кунад, пас, барои ӯ ҳеҷ корсозе баъд аз Вай (Аллоҳ) нест. Ва ситамгаронро мебинӣ, чун азобро бубинанд, гӯянд: «Оё ба сӯи бозгашт роҳе ҳаст?».
Агар касеро Аллоҳ таъоло гумроҳ созад, дигар барои ӯ ёвару раҳнамое нест, то ӯро ба роҳи росту наҷот ҳидоят намояд. Аммо ин тавфиқи илоҳист, ки инсон соҳиби адлу инсоф шуда тавонист. Яъне ин иродаву дастгирии Аллоҳ таъолост, ки инсон тавонист дар муқобили ситами ситамгарон сабр намуд ва аз гуноҳҳои онҳо гузашт кард, то ки зулму фасод доман паҳн насозад ва боиси бадбахтии дигарон нашавад. Зеро ӯ мутмаин аст, ки ситамгоронро азоби Ҷаҳаннам кифоякунанда аст. Вақто ки ситамгорон азоби Ҷаҳаннамро ошкоро мебинанду маҳкум ба он мешаванд, мебинӣ, ки онҳо аз зулме, ки дар дунё содир кардаанд, ҳазорҳо пушаймонанд. Барои наҷоти худ акнун савол мекунанд, ки оё роҳи бозгаште ба дунё вуҷуд дорад, то бозпас биравем, амалҳои накӯро анҷом бидиҳем ва ба ин васила аз азоби даҳшатбори Ҷаҳаннам раҳоӣ ёбем? Вале ҳазор афсӯс, ки чунин пушаймонӣ баъди гузашти муҳлат суде надорад ва ҳеҷ ҷавоби саволи худро ҳам намешунаванд.
Ба азоб маҳкум шудани ситамгоронро оятҳои зерин идома медиҳанд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «