Тафсири Сураи Сод Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сод Ояти 35
قَالَ رَبِّ اغۡفِرۡ لِىۡ وَهَبۡ لِىۡ مُلۡكًا لَّا يَنۡۢبَغِىۡ لِاَحَدٍ مِّنۡۢ بَعۡدِىۡۚ اِنَّكَ اَنۡتَ الۡوَهَّابُ ٣٥
Қола Раббиғфирлӣ ва ҳаб лӣ мулка-л ла янбағӣ ли аҳади-м мин баъди. Иннака анта-л-Ваҳҳаб. 35.
35. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро биёмурз ва маро подшоҳие ато кун, ки ҳеҷ касро баъди ман рост наояд, ҳаройина, Ту бахшояндаӣ».
Ҳамчуноне ки Довуд (а) зери имтиҳон Қарор гирифт, Сулаймон (а) ҳам бо рафтани мулк аз тасарруфаш ба имтиҳони Аллоҳтаъоло бо сабабе, ки тақозои табиати инсонист, озмуда шуд. Бинобар ин, дар ояти 34 Аллоҳтаъоло мефармояд, ки Мо Сулаймон (а)-ро озмудем ва дар тахте, ки менишаст, ҷасади ноқисеро андохтем. Ӯ (а) аз лағжиши худ огоҳ гашту дарҳол ба даргоҳи Мо руҷӯъ намуд.
Дар тафсири ояти 34 низ дар китобҳои баъзе муфассирон Қиссаҳои аҳли китоб, яъне исроилиёт ворид шудаанд.
Ин ривоятҳо назди Ибни Касир, Имом Фахрии Розӣ, Байзовӣ, Насафӣ ва дигарон аз ҷумлаи хурофот ҳукм шудаанд. Муҳаққиқон аз ҷумлаи олимон ҳам чунин ривоятҳоро рад намудаанд. Имом Фахри Розӣ дар тафсири ин оят фармудаанд, ки бадани Сулаймон (а) гирифтори ранҷурии сахт гашт, вай чунон хароб гашт, ки гӯё ба ҷасади беҷони болои тахт гузошташуда монанд шуд. Баъд бо изни Илоҳӣ ба ҳолати сиҳатӣ баргашт. Ба ҳар тақдир, Сулаймон (а) аз имтиҳони Аллоҳтаъоло гузашт. Чуноне ки дар ояти 35 омадааст, ҳазрати Сулаймон (а) дуъо карда гуфт, ки ай Парвардигорам, он чи аз ман содир шуд, маро биёмурзу даргузар ва ба ман чунон мулки васеъ ва салтанати бузург арзонӣ фармо, ки баъди ман ба касе чунин мулк ва подшоҳӣ ба даст наояд, то ин ба пайғамбарии ман далел шаваду касе аз ман ҷуръати гирифтани онро накунад. Ба дурустие, ки фазли Ту ниҳоят фарохасту дархости бандагони Худро бисёр хуб диҳанда ҳастӣ.
Худованд дуъои Сулаймон (а)-ро иҷобат намуда ӯро биёмурзид ва мулкашро ба ӯ баргардонид ва чуноне ки оятҳои зер мефармоянд, мулкашро чунон зиёд намуд, ки ҳеҷ касе баъди ӯ (а) чунин мулкро соҳиб нашудааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «