Тафсири Сураи Сод Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сод Ояти 49
هٰذَا ذِكۡرٌؕ وَاِنَّ لِلۡمُتَّقِيۡنَ لَحُسۡنَ مَاٰبٍۙ ٤٩
Ҳаза зикр. Ва инна лил муттақӣна ла ҳусна мааб. 49.
49. Ин Қуръон пандест ва батаҳқиқ, барои парҳезгорон бозгашти нек аст,
Аллоҳтаъоло дар ояти мазкур мефармояд, ки мақсад аз овардани Қиссаҳои пайғамбарони гузашта,барои ту ай Ҳабиби Мо, (с) аз як тараф ёдоварӣ аз рӯзгори пандомӯзи онҳо ва тасаллию панду сабақ омӯхтан бошад, аз тарафи дигар зикри ҷамили расулони гиромӣ ва шарафе аз онҳо буд, ки дар ҳамин дунё доимо ба ёд оварда шавад. Албатта, мақому мартабаи ҳар як инсони худотарсу мутеъи Аллоҳу расули Ӯ олӣ буда, барои охират бозгашти неке дорад. Он бозгашти некро ояти зер, иншоаллох, эзоҳ медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «